Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Понятно.
– Вот такие пироги.
– Ничего время терпит.
– Нет время пока терпит.
– Майлаш рухсат диҳед аз пайи кор шавам.
– Мавқеи хешро аз рўйи амалиёт медонед?
– Албатта.
– Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл…
Соати даҳ капитани милиса Воҳид Камол бо табъи хира аз бинои вазорат баромад. Автомашинаи хизматӣ ўро аз пеши бинои вазорат рост ба идора овард. Ў ҳатто сухане нагуфт. Ронанда ҳам авзои беҷойи сардорро дида, чизе напурсид. Дар тамоми роҳ ў сари суханони вазир «умедамон аз шумо ин хел набуд рафиқ капитан» андеша кард. Дар дил мегуфт: «Дар ҳақиқат дар ҳодисаи шаби гузашта рухдода гуноҳи ман кам нест. Ба муовинон бовар кардам ва ана натиҷааш. Кор осон набудааст. То имрўз ман он чи ки гуфтаму навиштам ҳамааш назариявӣ буд. Охир дар давоми се моҳи корӣ ба кадом хато гиҳо роҳ додам. Ин хатоӣ нобахшиданист. Дар таҷрибаи кории милиса чунин ҳодисаҳо дар даҳсолаҳо як бор рух медиҳанд.
Маҳз чунин ҳодиса дар моҳҳои аввали кории банда ба вуқуъ пайваст. Чӣ шармандагие. На ин ки номи хеш, балки номи тамоми милисаро паст намудам. Магар аз ин ҳам зиёд шармандагӣ мешавад? Охир аз таги бинии милиса ду ҷинояткор баромада, боз тапончаи хизматии яке аз онҳоро гирифта равад.
Ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро Ғаниев милитсионери қаторӣ Ғуломовро худсарона ҷавоб додааст. Охир агар Ғуломов ба Ғаниев не, ба навбатдори шуъба, майори милиса Замиров муроҷиат мекард, аз ҳисоби наряди шабонарўзӣ ўро иваз мекарданд. Аз эҳтимол дур нест, ки чунин ҳодисаҳо аҳён– аҳён рух медоданд, вале касе ба ин кор аҳмият намедодааст. Беҳуда мардум нагуфтаанд, ки кўза на ҳама вақт аз лаби об бе осеб бармегардад. Акнун ана ёбу гир…»
Автомашина назди бинои ШКД истод, вале Воҳид Камол ҳамон хел ноҷунбон меистод ва ронанда вазъи сардорро дида овоз рушан кард, ки расидем.
Капитани милиса хомўш аз автомашина фаромада, ба тарафи бинои милиса ҳаракат кард. Навбатдор Боев аз шуъбаи навбатдорӣ берун омада, ба тариқи расмӣ гузориш додан хост, вале Воҳид Камол даст афшонда, ҳамон хел хомўш ба тарафи утоқи кориаш рафт.

пешина
аз 558
навбатӣ