Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар дақиқаҳои аввали суҳбат бо муфаттиши прокуратура Гурезов Воҳид Камол дарёфт, ки собиқ корманди милиса Бобо Забир ўро барои истифода аз мансаб, хунукназарӣ ба вазифаи хизматӣ муттаҳам карданӣ шудааст.
– Аз дўсти нодон душмани доно беҳтар аст,– мегуфтанд, собиқадорони меҳнат, ки ҳамроҳи Воҳид Камол тайи даҳ соли охир дар милиса кор карда буданд. Агар ҳамин ариза се – чор рўз пештар меомад, нуран ало нур мешуд. Охир Бобо Забир қариб, ки суханони паёмбарона гуфтааст: «хунукназарӣ ба вазифаи хизматӣ», магар дурўғ гуфтааст? – Ҳаргиз. Гўё ҳамин чизро медонистааст. Бобо Забир, ки як моҳ дар милиса ҳамроҳи ман кор кард, ҳамин камбудии бандаро диду худам не? Хайр, худам надидам наход ягон касе ёфт нашуд, ки дар ин бора рўйирост ба ман гап занад. Эй Бобо Забир афсўс, ки худат аз милиса рафтӣ, вагарна ман минбаъд агар дар милиса монам худатро «вазири дасти рост (муовини аввал) таъин мекардам». Чаро шумо ҳамин чизро дидеду подполковники милиса Фарҳод Азамат не? – Чаро?
Тайи як соати «суҳбат» бо Гурезов сардори ШКД ба хулосае омад, ки Бобо Забир дар зери нойи дигарон ба рақс даромадааст, вале кист он мусиқанавоз?
Аз суҳбати яксоата бо муфаттиши прокуратура дарёфт, ки «ду механизми системаи бузург» ба ҳаракат даромадааст ва гунаҳкори асосӣ дар ҳаракати ин механизмҳо худи ўст, чунки бо система даст ба гиребон шуд, пойро аз кўрпа берун ниҳод бо система ҳамқадам, ҳамдил ва ҳамзабон нагашт. Акнун оби рехтаро ҷамъ кардан душвор. Ҳар чӣ бодо бод, барраи нар аз шиками модараш қурбонист,– ниҳоят худро тассаллӣ дод сардори ШКД.
Пас аз рафтани Гурезов Воҳид Камол дар утоқи кориаш хело аз рўйи одат ҳаракат кард ва ниҳоят назди тирезае, ки ба тарафи ҳавлӣ кушода мешуд омад. Бинои ИВС дар саҳни ҳавлии милиса воқеъ гардида буд. Он бинои якошёна буда, деворҳояш бетонӣ ва дарвозааш оҳанин буд ва ба қавле агар бо танк занӣ намегашт. Бо танк занӣ намегашт, аммо шаби гузашта Ҷангиев ва Сой бе ягон мамониат ҳамин биноро тарк карда буданд…
Капитани милиса Воҳид Камол сари ин масъала хело андеша намуд, вале дар ҳали он муаммое, ки боиси фирори Чангиев ва Сой гардида буд оҷиз монд.

пешина
аз 558
навбатӣ