Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҷангиев ва Сой чун пораи абре дар осмон шино доштанд ва боз абри дигаре нисбатан хурдтар дар уфуқ пайдо шуд ва ин абр Бобо Забир буд…
Баъди як моҳи дар вазифаи сардори ШКД–и ноҳияи Гулистон кор кардани Воҳид Камол аз рўйи нақшаи тартибдодаи ВКД ҶТ комиссияи атестатсионӣ омад ва ҳамаро аз элак гузаронд Ин аввалин комиссияи босалоҳияте буд баъди задухўрдҳои дохилӣ ва лозим меомад, ки сафҳои милисаро аз шахсони тасодуфӣ, ки тайи ин солҳои пурошўб бо ҳар роҳу восита ба ин даргоҳи бонуфуз сар халонда буданд, тоза намоянд…
Дар рафти атестатсия аз ШКД–и ноҳияи Гулистон ҳашт нафар ба вазифаи хеш нолоиқ дониста шуданд ва аз сафҳои ВКД ронда шуданд. Панҷ нафар ба вазифаҳои пастар гузаронида шуданд. Дар байни ҳамин панҷ нафар ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ лейтенанти калони милиса Бобо Забир низ буд, ки маҳз бо гуноҳи худаш комиссияи атестатсионӣ минбаъд кор кардани ўро дар мақомоти милиса нолоиқ шуморид.
Воқеа аслан чунин сурат гирифт: – Комиссияи атестатсионӣ ба фаъолияти хизматии Бобо Забир шинос шуда, ўро ба вазифаи нозири минтақавӣ гузарондан хост. Дар ҳамин ҳолат Бобо Забир чунин суханонро ба забон овард:
– Шумо гумон доред, ки ман ҳар рўз формаи низомӣ пўшида мегардам, хобатонро ба об гўед.
Аз шунидани чунин суханон гўё ба сари аъзоёни комиссия оби хунук рехтанд. Воҳид Камол ҳам дигар чӣ гуфтанашро намедонист.
– Сад афсўс, ки милиса шишаи дилро ба дасти чунин тифли бадхў додаст,– гуфт раиси комиссияи атестатсионӣ майори милиса Шариф Холов.
– Рафиқ лейтенанти калон модоме, ки шумо тайи чанд сол нони милисаро хўрда, аз пўшидани либосаш шарм медоред, мо тамоми имкониятҳоро истифода мебарем, ки аз шумо барин шахсон тезтар халос шавем. Хайрият, ки шумо симои ҳақиқии хешро нишон додед. Акнун равед. Минбаъд дар сафҳои милиса барои шумо ҷойи кор нест,– гуфт раиси комиссия.
– Рафиқ майор, бубахшед ўро, ман аз номи вай аз ҳамаи шумо узр мепурсам, - гуфт Воҳид Камол ба ҳимояи зердасташ хеста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор