Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Маҳз ҳамин ҳолат ўро маҷбур сохт, ки ба курсӣ дурусттар такя намуда, матлаби мўйсафедро то охир гўш кунад. Мўйсафед он қадар сухан гуфт, ки телефони дохилӣ ду маротиба занг зад, вале Ҷамол Солеҳ ҳатто гўшакро набардошт. Фаҳмид, ки навбатдор ўро ба маҷлиси фаврии назди сардор мехонад. Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки мўйсафед ба ў хабари муҳимро мерасонд, ў розӣ буд, ки аз сардори ШКД барои ба маҷлиси фаврӣ дер монданаш танбеҳ гирад, ин беҳтар аз он буд, ки ў алоқаро бо «Ҷарроҳ» ки баҳри рўшанӣ андохтан ба кори онҳо ду рўзи хешро сарф карда буд, қатъ намояд. «Ҷарроҳ» ҳарчи тайи ин ду шабонарўз ба даст оварда буд, гуфт ва Ҷамол Солеҳ боре ҳам сухани ўро набурид. Мўйсафед чунин хомўширо ҳис карда чанд бор аз он тарафи сим пурсид, ки оё мусоҳибаш ўро гўш карда истодааст ё не ва Ҷамол Солеҳ дар чунин лаҳзаҳо овоз рўшан карда, аз будани хеш хабар медод. Ҳар он чи, ки мўйсафед гуфт аз рўйи имконият соҳиби утоқ ба тақвими болои мизи кориаш баъзе қайдхо намуд. Вай бо хатҳои каҷу килеб ном ва суроғаи шахсонеро навишт, ки метавонистанд аз шахсияти мақтул ба ў хабари бештаре диҳанд.
Мўйсафед ҳатто худнамоӣ карда гуфт, ки баҳри иҷрои супориши милиса маҷбур шуд, ки анҷумани ғайринавбатии ҳизбашро (ҳамаи онҳое, ки мисли худаш доғи судӣ доранд) даъват намояд ва маҳз ҳамин анҷуман дар муайян кардани шахсияти мақтул саҳми беандоза дорад…
Ҷамол Солеҳ дар навбати хеш аз номи худ ба мўйсафед ва ҳамаи иштирокчиёни анҷуман изҳори сипос намуда, бо Карими Лоиқ худоҳофизӣ карда, ба толори маҷлисгоҳ, ки ҳамаи ҳайати шахсӣ гирд омада буданд, шитофт…
Маҷлис аллакай оғоз шуда буд ва Ҷамол Солеҳ бо ишораи сар рухсат пурсида, гузашта ба курсии аз ҳама қафо нишаст.
Ҳарчанд сардори ШКД чизе нагуфт, вале нигоҳи сарди сардор мегуфт: ҳоло ист ман ба ту дер монданро нишон медиҳам. Чун сардор кори бахши кофтукови ҷиноятиро мавриди муҳокима қарор дод, аз ҳама бештар чормағз ба сари Ҷамол Солеҳ шикаст. Аз ҷумла гуфт, ки барои муайян кардани шахсияти мақтуле, ки ному нишонааш умрбод дар ноҳияи мо набудааст, ҷанобашон (Ҷамол Солеҳ дар назар аст) мисли оруи асал ба гул часпидааст, ҳол он ки чанде аз чунин парвандаҳои ҷустуҷўйӣ дар ғаладони мизи кориаш зери хоку чанг хобидаанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор