Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Чун аз маҷлис берун шуданд, шаб ба маънои томаш ҳукмронӣ дошт. Ҷамол Солеҳ баъди маҷлис ба утоқи кориаш баромада, ду саҳфаи тақвимро канда ба кисааш зад ва тамоми ҳуҷҷатҳои болои мизи кориашро ба говсандуқ гузошта, аз идора берун шуд. Қариб осмонро абрҳои сиёҳ зер карда буданд.
Аслан, ҳама дар орзуи борон буданд. Марди деҳқон бошад аз наборидани борон ҷойи нишаст намеёфт, вале дар гўшаи дилаш шўълае ҳанўз фурўзон буд. Ин шўъла ягона умедро дар дили ў бедор месохт, чунки мефаҳмид дар чунин ҳолатҳо ба ҷуз Офаридгор касе ба дарди ў даво нахоҳад шуд.
Дирўз Ҷамол Солеҳ дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияашон маросими «Ашагулон»–ро дид, ки пиру ҷавон ҳама дар он маросим иштирок карда, аз Офаридгор омадани боронро ки худ як файзи дастурхони онҳо хоҳад шуд таманно доштанд. Аз он маросим ба дасти Ҷамол Солеҳ ду кулчаи ширмол доданд. Ў ҳарду кулчаро ба хона овард ва модари пираш порае аз он кулчаҳоро чашида, дигар ҳамаашро аз рўйи меъёри баробар ба аҳли хонавода тақсим карда, сипас даст ба дуо бардошт ва аз оёти Қуръони Маҷид пораеро қироат намуда, аз Худованд таманои онро намуд, ки хайри мардумони некхоҳро қабул намояд…
– Худоё дуои бандаи муъминро мустаҷоб гардону боронро ато фармо,– зери лаб гуфт Ҷамол Солеҳ қадаммониашро тезтар карда. Тахминан баъди бист дақиқа, вақте ки ў ба манзили хеш наздик мешуд аввалин қатраҳои борон ба рўяш заданд. Ў шукри Худо гуфта то тар шудан зери борон истода, пас пой бар остонаи хона монд. Ҳамсараш дарро ба рўяш кушода ўро шип– шилта дида, қосиди боронро ба оғўш гирифт…
Тамоми шаб борон ба тирезаи онҳо ангушт мезад…
Вақте ки бедор шуд, парандагон чирик – чирик доштанд.
Чирик – чирики онҳо аслан аз дамидани субҳ дарак медоданд.
Падару бобоёни Ҷамол Солеҳ одамони тақводор буданд ва онҳо доимо Ҷамолро барои дер хестанаш аз хоб танбеҳ медод.
Бобояш мегуфт, ки сари субҳ бо амри Худованд малоикаҳо ба сайри олам мебароянд, то бубинанд, кӣ аз хоб хестаасту ки не.
Ҳарки баробари дамидани субҳ аз хоб мехезад, малоикаҳо ба дафтари махсус менависанд ва назди Худованд мебаранд, то офаридгор баҳри ў ризқу рўзӣ диҳад ва онҳое ки аз хоби гарон нахестаанд, назди Худованд мисли мурдагонанд ва Худованд ба онҳо ризқу рўзӣ намедиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор