Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Қисме аз назарияҳо ба муҳокимаронӣ тоб наоварда, чун бод беасос будани хешро ошкор сохтанд, аслан ин назарияҳо мегуфтанд, ки мо чун бодем ва бодро касе дошта наметавонад. Аз ин рў Абдумаҷидов болои доирачаҳо хатти батлон кашид, мисли оне ки дар трансформаторҳои барқӣ чунин хат мекашанд «Х» то касе ба трансформатори хавфнок наздик нашавад. Абдумаҷидов дар кор фақат як принсип дошт. Ў ҳамеша таъкид мекард, ки назарияе мақбули худат нест, писанди дигарон ҳам нахоҳад шуд. Яке аз назарияҳо он буд, ки куштор дар маҳале содир шудааст, ки Абдулллои Хокироҳ «фаъолияти меҳнатии» хеш иҷро мекард.
Маҳз ҳамин назария тақозо мекард, ки Абдумаҷидов ақаллан боре аз пайраҳаи Ҷамол Солеҳ, Амонуллои Султон, Дунё ва Абдуллои Хокироҳ гузарад…
Занги телефон садо доду ў гўшакро бардошт.
– Хуб шуд, ки занг задед,– гуфт Абдумаҷидов ва ба мусоҳиби дар тарфи дигари сим будааш аз дастовардҳои Ҷамол Солеҳ хабар дод.
– Модоме ки як нуги ресмон ёфт шуд, нуги дигарашро ҳам аз қафои хеш хоҳад овард.
– Танҳо баъди калоба шуданаш рафиқ Сиддиқов.
– Ман чӣ гуфтам?
– Шумо гуфтед ки як нуги ресмон нуги дигарашро ҳам меорад.
– То калоба шудани ресмон шефи мо худ сару калобаашро гум намуда, ягон танбеҳе дар гўши банда меовезад.
– Аз чунин мукофотҳо тарсидан лозим нест. Агар баъзан ба мо танбеҳ ҳам надиҳанд, шояд худро гум намоем.
– Наход, бе танбеҳ кор пеш наравад.
Солеҳ Ашўрхоҷаевич8 аз фалсафаи Хитойи қадим ҳамеша мафҳумҳои ИНЬ ва ЯН–ро ёдрас мешуд, яъне ду мафҳуми ба ҳам муқобил, ки боиси пешравии ҷамъиятанд. Бе танбеҳ ҳам гумон аст…
– Агар чунин аст, пас умед ба некӣ нест?
– Чи гўям, ҳаёт мисли ҷараёни барқ аз ноқили мусбӣ ва манфӣ иборат аст ва агар кадоме аз ин ноқилҳоро нагирем, рушноӣ гум мешавад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор