Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Зиндагӣ ҳам чун ҷараёни ноқилҳои барқӣ аломатҳои мусби ва манфии худро дорад.
– Ин дар мадди аввал, ё худат аз мактаби Солеҳ Ашўрхоҷаевич нагузаштаӣ?
– Афсўс не, ба мо муяссар, нашуд, ки аз устоди шодравон Раҷабов таълим гирем.
– Шодравон Солеҳ Ашўрхоҷаевич ҷони одам буданд. Он солҳое ки мо таҳсил мекардем, рўзи дониш ва дарси аввалин ба донишҷўёни курси якум бо фотеҳаи устод сар мешуд. Ҳа, дар воқеъ, пурсиданӣ будам, оё прокуратура дар бораи ҷинояти мазкур, ки шахсияти мақтул муайян шудааст, чи фикру ақида дорад?
– Дар ин ҷода шумо аз мо чандин фарсахҳо пештаред ва метавонед назарияи хешро пешниҳод намоед.
– Рафту назарияи мо ба шумо хуш наояд чӣ?
– Дар он сурат мо фикри хешро баён мекунем ва шумо назарияи наверо ба майдон тела медиҳед.
– Дар милиса ҳамин хел штати алоҳида оид ба пешниҳоди назарияҳо нест.
– Ман ҳам аз ҳамин кор дар шигифтам ва агар чунин вазифа (вакант) мешуд аз шумо дида номзади арзандаеро ба он мақом ёфтан душвор буд. Ба ҳар ҳол то омадани Дунёи Хокироҳ сабр кардан лозим меояд. Агар шумо ягон илоҷ намуда нишондоди хатии Амонуллои Султонро меовардед, якҷоя оид ба пешниҳоди назарияҳои нав ягон фикр мекардем.
– Ман дар он ақидаам, ки Абдуллои Хокироҳ дар маҳале ба қатл расонида шудааст, ки он ҷо «фаъолияти меҳнатӣ» дошт.
– О ин назарияи тапа - тайёр– ку.
Занги телефони дохилӣ садо доду Абдумаҷидов гўшакро бардошта, аз будани хеш дар утоқи корӣ хабар дод.
– Воҳид Камол шуморо мепурсад, – хабар дод навбатдор ва мунтазири ҷавоби Абдумаҷидов нашуда, гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Суҳбат боқӣ,– гўён Абдумаҷидов бо ҳамин сухан бо муфаттиши прокуратура Сиддиқов ҳам худоҳофизӣ намуд.
– Дирўз ҷавоби хабарнома аз ШКД–и ноҳияи Озодӣ омада буд, онро гирифтед ё не?– пурсид сардори ШКД баъди салом ва ба курсӣ нишастани Абдумаҷидов.
– Ҳамагӣ ним соат пеш.

пешина
аз 558
навбатӣ