Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Модоме чунин мешуморед аз пайи кор шавед…
... 24 …
Суман бо чашмони ашкбор ба хона омад. Бибиаш кампири Анор ин ҳолро дида сабаб пурсид.
– Ман дигар ба мактаб намеравам,– бо овози гирифта ҳунг–ҳунгкунон гуфт Суман.
– Чаро ба мактаб намерафтаӣ, медонӣ ту чиҳо гуфта истодаӣ?
– Ҳа, чи гуфтанама медонам бибҷион, вале ба мактаб намеравам, намеравам тамом,– ҳинг–ҳингкунон гуфт Суман.
Кампир дид, ки бо чунин пурсупос ҳеҷ матлаби набераро фаҳмида намешавад, хеста аз чойник ба пиёлае чойи хунук рехта ба дасти набера дода, – ором шав ҷони бибӣ ором шав,– ҷони биби гуйён Суманро баҳри ором шудан ҳидоят намуд.
Суман пиёлаи чойро нўшида каме ором шуд, вале бибиаш ҳамоно хомўш буд. Ў ҳатто чизе напурсид.
– Бача, бача аст шояд бо ягон ҳамсинфаш ҷанҷол кардагист. Ба ҳар ҳол захми дилашро тоза кардан хуб нест,– аз дил гузаронд кампир ва хост ба хона дарояд.
– Бибиҷон.
– Чӣ бачам? – кампир аз роҳаш истода ба тарафи набера нигарист.
– Имрўз муаллимамон Авази Ғоиб маро носазо гуфт.
– Чӣ хел носазо?
– Гуфт, ки бобои ин кас аризабози ашаддист.
– Хайр гуфт, гуфт бачам, наход барои ҳамин гапҳои беҳуда ҳам хафа шавӣ,– набераро ором карданӣ шуда гуфт кампир, вале худро аз чи бошад, ки ноҳинҷор ҳис кард, сараш чарх зад, чашмонаш гирд гаштанд ва ё дунё дар назараш гирд гашт, ки ба замин нишаст.
– Ба шумо чӣ шуд, бибиҷон?
– Ҳеҷ гап не, сарам каме чарх зад, бало пирӣ бачам.
– Муаллим Авази Ғоиб гуфт, ки бобои Суман ба Душанбе барои мактабро ба номи писараш гузоштан рафт, вале касе ба додаш нарасиду ду даст пеши бинӣ шармандавор пас гашт ва аз шармандагиаш дигар аз ҳавлиаш берун намеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор