Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кампири Анор хост чизе гўяд, вале чизе ба ёдаш расидагӣ барин аз гуфтани сухан худдорӣ кард. Дар ҳақиқат то андозае ҳам бошад суханони муаллим Авази Ғоиб ҷон доштанд. Мардум мегўянд, ки то шамол набошад шохи дарахт намеҷунбад.
Ҳеҷ нафаҳмидам, ки ба ин мардак чӣ бало расида бошад. Ба шаҳр рафту ягон корро ҳам ба сомон нарасонида баргашт.
Гуфт, ки касал шуда, қариб мурда будам. Мани сода ба суханаш бовар намудам. Аз лаҳзаи ба шаҳр рафтанаш то имрўз қариб як моҳ гузаштааст. Мўйсафедро шинохта намешавад. Зиёда аз панҷоҳ сол бо ҳам зистему нав дамдуздии ўро мебинам. Ба ин мардаки серҷоғ намедонам, чи бало расида бошад? Дигар вақт мешуд, ў то куҷоҳое баҳри дарёфти ҳақиқат сар мехалонд.
Ин даъфа бошад…
Қатраҳои ашк дар рўйи пурожанги кампир равон шуданд ва ў ҳатто имконият наёфт, ки ин сўзи хешро аз набера пинҳон намояд.
Суман қатраҳои ашкро дар рухсори пурожанги бибӣ дида, ўро тасалло доданӣ шуд, вале рафтори набера дарду алами бибиро зиёдтар кард. Духтари ҳамсоя Наргис аз берун Суманро ово намуд ва кампири Анор ба набера амр кард, ки бинад кист дар берун. Чун Суман ба тарафи дарвоза рафт, кампир бо лаби рўмол қатраҳои ашкро пок карда, аз ҷой бархест ва ба тарафи хона рафт то аз мўйсафедаш ҳақиқати ҳолро пурсон шавад…
Ҳарчанд чашмони Гул Набӣ бинобар рафтани синну сол камнур шуда бошад ҳам, вале на ба он дараҷае, ки ў сафедро аз сиёҳ фарқ накунад. Баробари ба хона ворид шудани ҳамсар мўйсафед аз чеҳраи пурожанг ва табъи хираи ў фаҳмид, ки ҳодисае рух додааст ва акнун кампир аз ду сар ягон чизро пурсиданист. Дар тўли зиндагии нимасра ў борҳо аз ҳалоҷии ҳамсар гузашта буд ва бе ягон осеб аз ин варта баромада.
Имрўз бошад…
Ин марди дар сармою гармои зиндагӣ обутобёфта, аз чизе ҳарос надошт, вале як гўшаи дилаш хиҷил гашт. То тавонист ў худро ба даст гирифт. То омадани табар кунда меосояд гуфтагӣ барин ў гўшу ҳуш ба тарафи кампир дод. Канӣ бинем чи мехонад аз дил гузаронд мўйсафед….
Кампири Анор ҳам тўли ним асри зиндагии якҷоя аз таҷрибаи рўзгор баҳра бардошта буд. Ў бисёр мехост, ки худи мўйсафед сухан оғоз намояд ва дар рафти суҳбат ноайён ба сари мақсад биёяд.

пешина
аз 558
навбатӣ