Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун тўморро мекушоянд ҳеҷ навиштаҷоте дар он надида ҳайрон мешаванд. Рўзи дигар ҳарду назди ҳамон мулло мераванд ва зан ба домулло изҳори сипос мекунад, ки тўморашон таъсири хешро дар оилаи онҳо расонд.
– Ман дар он ягон чиз навиштагӣ набудам. Фаҳмидам, ки ҳарду ҳам одамони тезмиҷозед барои ҳамин қоғазро чун туморча карда додам, ки келин хомўшӣ ихтиёр кунад. Хомўшӣ бошад ин сабурӣ аст ва сабр одамро ба мақсад мерасонад…
Анор акнун ба шасту ҳашт қадам мондаю панди худораҳматии модарро дар гўшаш ҳалқа карда аст. Боре ў сабаби ғалабаи хешро дар озмуни байни духтарҳои Роғ пурсон шуд.
Шавҳар гуфт, ки ў аз тақдир розист ва боз илова кард, ки сафедор баланд асту барф сафед, вале…
Кампири Анор ҳамоно хомўш чашм ба даҳони мўйсафед дўхта, дар санҷаи дар меистод.
Ягон гап шудааст вагарна очаи Шодӣ хомўш намеистод.
Гулмаҳмади Набӣ аслан хомўширо хуш надошт. Ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ў чи будани хомўширо, ки онро дар армия нишонаи ҳуҷум мегуфтанд, медонист. Ҳамсараш ҳам сари муноқишаҳои рўзгор ҳеҷ гоҳ аввалин шуда чун нотиқ сухан намегуфт. Маърўзачии асосӣ дар муноқишаҳои оилавӣ худи ҳамин аломати хитоб буд ва кампири Анор ҳамеша баъди «маърўзаи асосӣ» ба музокира мебаромад.
Он чи ки бо шир дар бадан рафт, он гоҳ биравад, ки ҷон зи тан рафт, ба ёд овард Гул Набӣ мақоли халқиро ва барои оғози кор (муноқиша) ба ҳамсар ёри додан хоста, муҳри хомўшӣ аз лаб гирифта гуфт: – очаи Шодӣ тинҷӣ– мӣ?
– Тинҷӣ куҷо? Бало тинҷӣ,– мисли гази дар хона ҷамъшуда аз донаи гўгирд таркида гуфт пиразан.
– Оҳистатар занак, худат нағз медонӣ, ки ман кар нестам.
– Агар кар нашуда бошӣ, пас чаро гапҳои гирду атрофро намешунавӣ?
– Кадом гапҳо, ту чиҳо гуфта истодаӣ занак?
– Гўё намедонӣ.
«Худо зад,– аз дил гузаронд мўйсафед. – Албатта, милиса ҷасади он роҳзанро ёфта, шахсияти бандаро ҳам ҳамчун қотил муайян намудааст. Ана, акнун ёбу гир, биё исбот намо, ки гуноҳ надорӣ ва роҳзан худаш ба истиқболи марги хеш омад.
Хайр вай ронанда– ку ҷавон, ба ту пири фартут чӣ бало расид, ки аз ҷойи ҳодиса гурехтӣ?

пешина
аз 558
навбатӣ