Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тарсидӣ ки ҳақиқат нест ё ягон хешу ақрабояш шишкаянд? Гап зан, акнун чӣ мекунӣ? Як умр ҷўёи ҳақиқат будӣ ва акнун худ онро поймол кардӣ. Барои ноадолатӣ ба назди калонҳо рафтию бечораеро рўйи роҳ ба қатл расонда омадӣ. Дидӣ, ҳақиқат гуфта чи шудӣ? Нобиғаи асрро ба қатл расондӣ. Илми тоҷик то қиёмат аз ту домангир хоҳад буд. Чаро хомўшӣ? Гап зан охир, гап зан…
– Чаро хомўш шудӣ ё ба даҳонат об гирифтаӣ, - пурсид ҳамсараш ва ў гумон кард, ки на бо ҳамсар, балки бо муфаттиш суҳбат дорад.
– Чӣ гўям рафиқ…
– Чӣ гуфтӣ рафиқ, ё аз ақл бегона шудаӣ?
– Рафиқ занак гуфтанӣ будам.
– Шояд рафиқ милиса ё муфаттиш гуфтанӣ будӣ, охир гўшҳоям кар шаванд, ки то кунун аз забонат калимаи рафиқ занакро нашунидаам.
– Ҳоло ин калима муд шудагӣ, ҳафтае пеш ба воситаи «Оинаи нилгун» саҳначаеро нишон доданд– ку, чи аз ёдат баромадааст?
– Дар ёдам нест.
– Фаромўшхотир шудаӣ? Наход ҳамон саҳначаро фаромўш карда бошӣ.
– Ман фаромўшхотир нашавам, ки мешавад, худат бошӣ саҳначаро ба ёд мебиёрию рўҳи Шодии ҷунро не.
– Кӣ гуфт, ки ман хотираи Шодиро фаромўш кардам? Ин дардро ман бо худ ба гўр мебарам, наход гумон кунӣ, ки ман Шодиро ба гўшаи фаромўшӣ дода бошам.
– Гумон чӣ лозим, ҳамин хел ҳам ҳамааш айён аст.
– Чияш айён аст? Канӣ гап зан, чияш айён аст? – аз ҷой нимхез шуда гуфт мўйсафед.
Кампир нарезондую начаконда суҳбати лаҳзае пеш бо набера доштаашро ба самъи мўйсафед расонд ва боз илова кард, ки Суман дигар ба мактаб намеравад.
– Авази Ғоиб гуфтӣ?
– Ҳа, Авази Ғоиб.
– Ин тирмизак худаш кист, ки боз маро муҳокима мекардааст.
– Аз куҷо донам, беҳтар мешуд, ки инро аз худаш мепурсидӣ?

пешина
аз 558
навбатӣ