Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худоё, худаш чӣ гап?– гўён мўйсафед аз роҳ гашт ва ҳамроҳи Суман ба ҳавлӣ омад. Кампири Анор паси дарвоза рўй ба тарафи қибла мехобид. Суман аз лаби чашмаи дохили ҳота об оварда ба сару рўйи бибӣ пошид. Мўйсафед набзи ўро дошта зери лаб шумурд. Суман ин даъфа оби бештаре ба сару рўйи бибӣ зад ва кампир шояд аз хунукии об тоқат накард, ҷунбид.
Мўйсафеду набера бибиро кашолакунон ба тарафи хона бурданд.
... 25 …

Сафари аввалин баъди ҳодисаи шаби 12 ба 13 апрел ба Боғобод барои Тўйчӣ Ҷалол омад накард. Дар қарибии Боғобод муҳаррики автомашина овози гўшхароше баровард ва ронанда онро рўйи роҳ нигоҳ дошт. Сипас, устоеро ёфта оварда муҳаррикро кушоданд ва қариб ки аз нав таъмир намуданд.
Умуман, баъди расо даҳ рўзи аз хона баромаданд Тўйчӣ Ҷалол аз нав пой бар остонаи хона гузошт.
Лола хабар дод, ки дар ин муддат марде се – чор маротиба ба суроғаш омад.
– Хайр омад, омад– да, агар лозим бошад боз меояд. Шояд ягон корафтода бошад?
– Намедонам, ҳамин қадар гуфт, ки қариб як моҳ боз шуморо мекофтааст.
– Номашро нагуфт?
– Не.
– О, номашро напурсидӣ?
– Агар лозим мешумурд худаш мегуфт, модоме нагуфт чи лозим номашро пурсидан.
– Хайр майлаш, агар лозим шуморад меояд.
– Надонам китф ба ҳам кашида гуфт зан.
– Дар Деҳбаланд чӣ хабарҳои тоза?
– Очаам омада буд, гуфт ҳама тинҷӣ. Моро ба зодрўзи мўйсафед даъват намуданд. Меравем?
– Кай?
– Зодрўзи падарам 18 май.
– Насиб.
– Шеф чӣ хел?
– Номашро гиру гўшро каш, ана бубин, аллакай як дасташро аз гаҳвора берун овард.

пешина
аз 558
навбатӣ