Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар ин асно Зафарҷон ҳам аз гаҳвора овоз рўшан кард.
Тўйчӣ ба нею нестони ҳамсар нигоҳ накарда матои болои гаҳвораро каме бардошт. Зафарҷон дар зери обу арақ ғўтта мезад. Шояд аз рўшноӣ бошад, ки ў сараввал чашмонашро мустаҳкамтар пушида, рўяшро ба тарафи муқобил гардонд ва сипас ба рушноӣ одат намудагӣ барин чашмонашро кушод ва рўяшро ба тарафи овоз гардонида, табассум намуд.
Зафарҷон дар як табассум тамоми хастагии падарро дур кард. Бо супориши падар модар ўро аз гаҳвора берун овард ва ба дасти падар дод. Зафарҷон бо дастони кўчаки хеш ба сару рўйи падар чанг меандохт. Тўйчӣ ҳамроҳи писар хело суҳбат намуда, ниҳоят мондагиро ҳис карда, болои кат дароз кашид.
Чашмонаш нимпўш сари хабари расондаи ҳамсар хело андеша кард.
«Аҷиб ў кӣ будааст, ки се – чор маротиба ба суроғи банда омада, ҳатто ному насабашро нагуфтааст. Шояд аз милиса бошад? Ҳа, ба хайёлам ба ҷуз милиса касе пой бар ин остона мондагӣ нест. Аз ду сар ҷасади роҳзанро ёфтанд ва акнун шахсияти мақтулро низ муайян намуданд. Албатта, хешу ақрабояш гуфтагистанд, ки шаби 12 ба 13 апрел он кас ба тарафи фалон роҳ рафт. Модоме ки рафту барнагашт ва ҷасадашро тамоман дар дигар ҷой ёфтанд, касе қасди ҷонаш намуда сипас ҷисми беҷонашро ба соҳилҳои дарёи Сароб бурдааст. Албатта, милиса ҳам фикр мекунад, ки чунин масофаи калонро бе истифодаи автомашина тай намудан ғайриимкон аст, аз ин рў мувофиқи ҳуҷҷати дар дидбонгоҳҳо буда, автомашинаҳои роҳгузарро аз рўйи журнали ба қайдгирии дидбонгоҳҳо ки ҳамон шаб аз ҳамон роҳ гузаштанд, аз санҷиш мегузарониданд, ронандагонашонро мепурсанд, ки оё ҳамон шаб дар роҳ ягон касро вохўрданд ё не. Ба фикрам акнун тергав сар шуд»…
Бо ҳамин фикру андешаҳо Тўйчӣ Ҷалолро хоб бурд ва ҳамсараш ўро пеш аз намози шом бедор карда гуфт:
– Хез ки шом шуд.
– Хайр чӣ?– бепарвоёна даст афшонда гуфт ў.
– Дар байни асру шом магар хоб шудан гуноҳ нест?– бо суол ба тарафи шавҳар нигариста гуфт зан.
– Ҳа, гуноҳ аст,– ноилоҷ чашмонашро молида аз ҷой бархест Тўйчӣ ва барои аз ин вартаи вазнин баромадан ба тарафи ванна ҳаракат кард, то дасту рўяшро бо оби хунук шуста ҳушёр шавад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор