Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Як рўз пеш ва ё як рўз пас, фарқаш нест, вале тезтар мешуд беҳтар буд. Бигузор аз рўйи салоҳдиди худаш ба сафар барояд.
– Дирўз мо сари ҳамин масъала суҳбат доштем. Пеш аз сафар ў бояд бо Дунёи Хокироҳ суҳбат намояд. Эҳтимол он кас ҳамин рўз расида ояд.
– Албатта, корро ҳаматарафа санҷида, пас рафтан даркор.
– Кўлборатро ғундор,– баробари вориди утоқи кори Абдумаҷидов шудан амр дод Наврўз Умар.
– Худаш тинҷӣ– мӣ?
– Тинҷӣ, тинҷӣ. Ба фикрам аз пайроҳаи Абдуллои Хокироҳ як бор гузаштанат лозим.
– Ин супориши кӣ?
– Супориши муовини аввал.
– Бовар намекунам.
– Чаро?
– Чунки рўзҳои охир дар пўстини муовини аввал кайк даромадагӣ, ў акнун на дар ғами кор, балки дар фикри он аст, ки чи тавр аз ин гирдоб берун ояд.
– Рафту агар Воҳид Камол аз вазифа сабукдўш гардад, Фарҳод Азамат садри маҷлиси мо хоҳад гашт.
– Сад ҳайф.
– Ин афсўсу надомат баҳри чист, охир муносибати Фарҳод Азамат бо худат бад нест, бигузор ман афсўс хурам, ки ў бандаро чашми дидан надорад.
– Барои ҳамин афсўс мехўрам, шахсе, ки дар як муддати кўтоҳ як коллективи тифоқро ду қисм кард, боз сари мансаб меояд?

Сад ҳайф аз ин айём, ки як мори қурайш.
10 Бигзашт зи Камолу сардафтари мо шуд.

– Эй бар ҳама гузаштагиҳот раҳмат, чӣ хел шоирона сухан гуфтӣ…
Наврўз Умар майори милиса Абдумаҷидовро бо суҳбати лаҳзае пеш ҳамроҳи сардори ШКД доштааш шинос намуда, фикри зердасташро дар ин бора фаҳмидан хост.
– Бо дасти хушку холӣ аз пайроҳаи Абдуллои Хокироҳ рафтан маъние надорад. Худи ҳамин рўз ҳам ман бояд омадани Дунёи Хокироҳро интизор шавам.

пешина
аз 558
навбатӣ