Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Як чой биёред,– амр намуд ў.
– Тамом?
– Бале..
– Ва барои нўшидани як пиёла чой ба тарабхона омадед?– лаб бурма намуда норозиёна гуфт хизматгордухтар аз назди ў дур шуда истода.
Оркестр яку якбора ба мусиқии хориҷӣ нуқта гузошта, ба навохтани суруди миллии «Эй санам» пардохт. Дар зери ҳавои суруди нав қариб нисфи нишастагони дар зал буда ба рақс баромаданд. Саҳна ҳам ниҳоят зебо шуд. Тўйчӣ Ҷалол он чунон саргарми тамошои рақс шуд, ки аз кадом тараф омадани соҳиби мактубро ҳам нафаҳмид.
– Ҳамин ҷо холӣ?– овоз рушан карда гуфт касе ва Тўйчӣ Ҷалол сар бардошта, дар рў ба рўяш марди тахминан аз худаш даҳ сол калонтарро дид.
– Ҳа холӣ, марҳамат шинед.
– Ман Қосим,– гўён мард бе ягон калому салом ба курсӣ нишаста гуфт: – Хайрият меомадед.
– Рафту намеомадам чӣ?
– Ин хел шуданаш ҳеҷ мумкин нест.
– Чаро?
– Чунки шахси гунаҳкор аз сояи худаш ҳам метарсад.
– Чӣ хел гуноҳ?
– Гўё, ки намедонед.
– Не намедонам, матлабатонро гўед, вагарна ман вақти нишастан надорам.
Қосим чизе гуфтан мехост, вале дар ҳамин лаҳза хизматгордухтар чой овард ва танҳо пас аз рафтани ў ҳамсуҳбати Тўйчӣ ба гап даромад:
– Чӣ чой талаб намуда, онро нонўшида меравед?
– Нўшам ё не, инаш кори ту набошад.
– Ақаллан андешаи синну соли маро намуда шумо мегуфтед?
– Гўед, ки чаро ва ба кадом мақсад маро ба ин ҷо таклиф намудаед?
– Ман мехоҳам донам, ки шумо ҷасади дўсти ман Абдуллои Хокироҳро куҷо кардед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор