Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агар ба ҷойи он автомати гумшуда лозим бошад, дўсти банда даҳ автомат ёфта бурда месупорад, вале ҳамаи ин ҷойи он автомати зормондаро гирифта наметавонад, чунки вай бо рақам дар номаш қайд шудааст ва барои гирифтани он дар китоби махсуси милиса имзо гузоштааст. Дар ин ҷо танҳо рафиқи ман не, балки оне ки барои гирифтани яроқ рухсат додааст ва худи навбатдори милиса ҳам гунаҳкоранд.
– Онҳо чӣ гуноҳ доранд?
– Якум ки барои гирифтани автомат рухсат доданд. Дуюм ин ки гум шудани автоматро пинҳон намуданд. Ин ба гуфтан осон. Барои пинҳон кардани ҷиноят ҳам қонун ҷавобгари пешбинӣ намудааст. Дўсти ман розӣ аст, ки ба ивази автомати дар боло зикршуда, бароят ҳамон хел автомат ёфта диҳад ва боз чи ки бифармоӣ…
Тўйчӣ Ҷалол сари ин масъала хеле андеша кард. Дар қалбаш хайр ва шар ба туғён хестанд. Ҳар кадоме аз онҳо назари хешро дар ин бора исбот карданӣ мешуд.
«Нафси бадро ҳар чи сераш мекунад. Дар гуноҳ кардан далераш мекунад. Аз ҳама беҳтараш он аст, ки аз ҳамин ҷо рост ба милиса рафта, ба гуноҳи хеш иқрор шав ва автоматро ки ҳамчун далели шайъӣ пинҳон намудаӣ ба милиса деҳ. Дар ин ҷо на худат ва на мўйсафед гуноҳе надоред ва агар ба милиса равӣ аз ду сар бегуноҳиат исбот мешавад»,– мегуфт хайр.
«Аз пинҳон кардани яроқ ба ту чӣ фоида. Беҳтараш ба ин мард бигў, ки баҳрат ҳазор доллар биёрад. Медонӣ чӣ марди тоҷик баҳри ҳазор доллар тайи як сол ва ҳатто аз ин ҳам бештар дар Россия мардикорӣ мекунад. Бахтро пеши по задан хуб нест, вақту соаташ омадааст пулро гиру яроқро баргардон»
– мегуфт шар…
Умуман, ба фикру андешаронии хайру шар Тўйчӣ Ҷалол ҳеҷ баҳо дода натавонист. Хўрок кайҳо хунук шуда буд, вале касе ба он даст набурд…
– Гуфтед, ки ҳамроҳи ман мўйсафедеро дидаанд,– ниҳоят аз байни андешаҳо берун омада гуфт Тўйчӣ Ҷалол.
– Бале гуфтам.
– Бовар, ки надоред ҳамон мўйсафедро ёфта пурсед,– гуфт Тўйчӣ Ҷалол ва пешхизматро ҷеғ зада, ҳисобӣ намуда аз ҷой бархест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор