Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Имрўз ё фардо ҳамааш маълум мешавад, ки Фарҳод Азамат дасти рост аст ё дасти чап.
Барфу борон ҳам доимӣ нестанд. Баъди борону барф мардум осмони беғубор ва офтоби оламтобро интизоранд. Хабари дастгиршавии фирориён, ки дар як мижа задан тамоми ШКД– ро фаро гирифт ва таъби ҳамаи ҳайати шахсиро болида намуд.
Дар давоми як – ду соат ҳамаи ҳайати шахсии дар бунгоҳҳо буда бо амри махсус, ки онро «Отбой» мегўянд ба милиса баргашта, яроқҳои хешро ба навбатдории шуъба супориданд.
Навбатдор тамоми ҳайати шахсиро огоҳ намуд, ки соати 1900 маҷлис мешудааст. Бинобар ҳамин касе майли хонаравӣ ҳам надошт. Дар утоқи корӣ дар толори маҷлисгоҳ ва қисме дар майдончаи паси бинои асосии милиса, ки онро майдончаи спортӣ ҳам мегуфтанду дар як гўшааш бинои ИВС ҷойгир шуда буд, масъалаи дастгиршавии фирориёнро муҳокима доштанд.
Овозаи дастгиршавии гурезаҳо Ҷангиев Хоркаш ва Сой Валентин танҳо баъди як шабонарўз паҳн шуд. Сари субҳ муовини сардори ШКД, подполковник Фарҳод Азамат, дасти рости ў собиқ сардори бахши тафтишот, ҳоло ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ майори милиса Аҳрор Бобоев, нозири бахши аналитика капитани милиса Рамазонов Самад ва нозири қисми навбатдори майори милиса Замировро ба ВКД даъват намуданд. Онҳо низ то кунун барнагашта буданд. Дар нимаи дуюми рўз сардори ШКД Воҳид Камолро ба таври таъҷилӣ ба Вазорат даъват намуданд, ки то кунун аз ў ҳам дарак набуд.
Соати 1845 дақиқа Воҳид Камол ба идора баргашта, аз навбатдор хоҳиш намуд, ки ҳайати шахсӣ ба толори маҷлисгоҳ дароянд. Умуман, аз қиёфаи ў ягон чизро пай бурдан мумкин набуд. Расо дар вақти муайяншуда чанд нафар, ки дар байни онҳо муовини вазири корҳои дохилӣ полковники хизмати дохила У.С.Ҷумъаев низ буд, вориди толори маҷлисгоҳ шуданд.
Се нафар аз ҷумла Ҷумъаев, Воҳид Камол ва нозири бахши кадрҳои вазорат майори милиса М. Додарбеков ба минбар гузошта, боқимондаҳо аз ҷумла Фарҳод Азамат, Аҳрор Бобоев, Самад Рамазонов, Додихудо Замиров, Рўзӣ Ғаниев ва Содиқ Ғуломов дар қатори пеши толори маҷлисгоҳ нишастанд.
Бе ягон сухани ифтитоҳиӣ муовини вазири корҳои дохилӣ Ҷумъаев лаҷоми суханро ба даст гирифта, оид ба интизоми пасти меҳнат ва бозиҳои пасипардагии бархе аз кормандон, ки боиси аз ИВС фирор намудани Ҷангиев ва Сой гардида буд, ҳарф зад.

пешина
аз 558
навбатӣ