Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Аслан нисфи ин суханонро дар айни суҳбат худи Қосими Асад иншо кард, то ҳарчи бештар Самандари Сармадро тарсонад.
– Ва ҳамин хел гуфт?
– Ҳа, ҳамин хел, ҳамин хел,– суханашро такрор намуд галабон.
– Чӣ бояд кард?
– Аз куҷо донам. Акнун банда миссияи худамро тамомшуда меҳисобам. Шояд худатон бо он кас суҳбат намоед.
– Ин кор ғайримикон аст.
– Чӣ хел ғайриимкон?
– О ман шахси мансабдорам ва бо қотил на бояд гуфтугў, балки дар асоси қонун ўро ҳабс намоям, худат бошӣ маро барои гуфтушунид фиристоданиӣ.
– Қонун, қонун гуфта мешинед, ҳоло ки дер нашудааст, чорае андешидан лозим.
– Ба фикрам як бори дигар ҳам худатро ба гуфтушунид фиристодан лозим меояд.
– Не, ман намеравам.
– Меравӣ!
– Ин амр аст?
– Не, хоҳиш. Охир худат каме андеша намо, ки ба ҷуз ту ин корро, ки ҳал мекунад? Ман ба кӣ бовар карда метавонам?
– Ба навбатдори шуъбаат.
– Ў агар фаҳмад, ки яроқ гум шудааст, ҳамоно бонги хатар мебардорад, мисли оне ки ҳангоми ғарқшавии киштӣ аз ҳама пештар калламўшҳо онро тарк мекунанд. Аз ҳама беш ман акнун аз ҳамон навбатдор метарсам.
– Наход аз зердастонат бовар надошта бошӣ?
– Ман аз касе боварӣ надорам ва агар рўзи бад ба сарам биёяд аз ҳама пештар маро онҳое хоҳанд фурухт, ки як умр дигаронро назди ман сиёҳ мекарданд. Ба таври дигар гўем, ман аз ҳама беш аз хушомадгўёнам метарсам.
– Аз рақибонат чӣ?
– Аз рақибонам наметарсам, чунки онҳо ҳамеша камбудиҳои бандаро нотарсона дар рўям мегуфтанд ва ба гумон аст, ки дар лаҳзаи мушкил, ки дар лаби ҷар истодаам, маро ба ҷарӣ тела диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор