Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Як умр аз оби дарё нўшидем ва имрўз каме вақт ёфта ба ин ҷо омадам то аз ин чашма барои бачаҳо об барам.
– Чӣ хел ки пештар оби чашмаро на худат ва на бачаҳоят ёд намекардед…
– Ҳамон рўзе, ки вай самарқандӣ ба хаймаи мо омад, он қадар оби чашмаро таърифу тавсиф намуд, ки…
– Кадом самарқандӣ?
– О, вай ҷўраат буд– ку ҳамеша ҳамроҳат мегашт?
– Абдулло?
– Ҳа худаш, дар воқеъ аз ҳамон шабе ки худат аз деҳа омада ўро суроғ кардӣ, ман дигар Абдуллоро надидам.
– Хайр надидӣ ба ман чӣ?
– Пурсиданӣ будам, ки оё ҳамон шаб худат ўро дидӣ?
– Не, ман ҳам ўро надидам.
– Ба ҷустуҷўяш баромадию надидӣ?
– Кӣ гуфт ба ҷустуҷўяш баромадам?
– Ман мегўям. Охир дар он шаби тор, ки сагро соҳибаш аз хонааш намеронд, ту ба суроғаш омадӣ– ку.
– Ман ҳамин хел аз роҳ гузашта, аз Абдулло ёдовар шудам.
Охир ҳамон рўз ў ба тарафи хаймаи худат омада буд, гумон кардам бечора мусофир аст.
– Ман– ку ба худат гуфтам, ки ў чӣ тавр самти ҳаракаташро дигар намуда, ба тарафи хаймаи худат ҳаракат кард.
– Хайр гуфтӣ.
– Аҷибаш ҳамин, ки Абдуллоро баъди ҳамон рўз касе надидааст.
– Надида бошад ман гунаҳкор?
– Ман ин хел нагуфтам, вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ба сари ў фалокате омадааст.
– Хайр фалокат ҳам омада бошад, ман чӣ кор кунам, кафили ў набошам. Замоне шудааст, ки фарзандат гапатро гўш намекунад.
– Ба ҳар ҳол ману худат бори охирон ўро дидем.
– Охирон бор ман не, худат ўро дидӣ.
– Инаш рост, ки охирон бор ў дар хаймаи ман буд ва аз ҳамин ҷо боз ба тарафи хаймаи худат рафт ва дар он шаби тор худат ба суроғаш омадӣ ва дигар касе ўро надидааст.
– Хайр надида бошад чӣ, шояд ба ягон тараф рафтагист.
– Гап дар сари ҳамин, ки ба ягон ҷо нарафтааст.

пешина
аз 558
навбатӣ