Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин бармеояд, ки Назрӣ Раҷаб дурўғ гуфтааст ва ё чизеро аз ў пинҳон медорад.
Мақсад аз дурўғ гуфтан ва ё ҳақиқатро пинҳон кардани чўпон Назрӣ Раҷаб дар чист. Дар деҳа гуфтанд, ки Абдуллои Хокироҳ бо галабон Қосими Асад низ муносибати дўстона доштааст. Назрӣ Раҷаб бошад ҳатто номи галабонро ба ёд наовард, чаро?
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳар қадар сари нишондоди Назрӣ Раҷаб фикр кард, ҳамон қадар ба муаммои сарбастае рў ба рў шуд.
Аз рўйи китоби қайдҳои кормандони БДА худи рўзи 12 апрел аз роҳи мазкур, ки ба тарафи шаҳр меояд, ҳамагӣ бисту ду автомашина гузаштааст. Баъди соати 15 бошад се автомашина аз ҷумла як автомашинаи «Камаз». Аз рўйи нақли кормандони БДА ду автомашинаи сабукрав ҳатто аз меъёр зиёд одам доштанд ва ба гумон аст, ки касеро аз роҳ гирифта бошанд. Дар «Камаз» бошад ҳамроҳи ронанда як мўйсафеди пой бар лаби гўр монда менишастааст. Не, ҳеҷ рост намеояд, ки ронандаи «Камаз» дар ҳузури шахси дигар ҷиноят содир намояд. Бо ронандаи автомашинаи «Камаз» рақами давлатиаш (ў ба навиштаҷоти яке аз қоғазҳо чашм духт) 73–18 вохўрдан лозим,– аз дил гузаронд майори милиса ва ба нозири минтақавии пункти такягоҳи рақами чорум, лейтенанти калони милиса Ҳусейнов занг зада хоҳиш кард, ки як сари қадам ўро бубинад.
Лейтенанти калон Ҳусейновро як моҳ пеш аз шуъбаи БДА сабукдўш намуда буданд. Воҳид Камол имконият надод, ки Ҳусейновро, умуман барои кадом як кори хурд аз милиса пеш кунанд ва ўро ба вазифаи нозири минтақавӣ пешбарӣ намуд.
Воҳид Камол хатто накард.
Ҳусейнов дар ҳақиқат, ки будани хешро нишон дод ва имрўз Абдумаҷидов низ ба ёрии ў муҳтоҷ буд. Ҳусейнов ҷинояте ҳам содир накарда буд. Гуноҳаш ҳамин буд, ки аз рўйи қонун автомашинаи кадом як депутати воломақомро мавриди ташхиси аниқ қарор додааст. Ҳарчанд Ҳусейнов дар асоси хабар, ки гўё дар автомашина маводи мухаддир ҳаст, автомашинаи депутатро боз дошта, онро мавриди ташхис қарор додааст ва чун аз автомашина ягон чиз ёфт нашудааст аз депутати муҳтарам аз рўйи одоб узр ҳам пурсидааст.

пешина
аз 558
навбатӣ