Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў бошад ба ҷинояткори асосӣ ҳатто гуфтугў намудааст ва боз чандин бор ба суроғаш рафта. Агар гапи дўсти милисааш рост бошад, ўро аз ду сар барои пинҳон кардани ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид. Галабон сари ин масъала андеша намуда ба хулосае омад, ки аз аҳволи ў бадтар танҳо аҳволи Самандари Сармад аст. Шаби гузашта хело дер ба хона омад ва ҳамсараш хабар дод, ки акои Самандар ба суроғаш одам фиристода будааст ва хоҳиш намудааст, ки кадом ҳолате ки омада монад як сари қадам ўро бубинад.
– Ту чи гуфтӣ?
– Гуфтам, ки сари субҳ ба сари гала рафт.
– Агар фардо ҳам биёянд ҳамин гапро гўй.
– Ту чӣ аз сардори милиса мегурезӣ, ё боз мехоҳӣ ки чанд аспи дигаратро бурда пора диҳӣ?
– Дигар пораро дар шаби хобаш мебинад, акнун вақти порадиҳии худаш расидааст. Ду – се рўз ман аз қафои гала меравам, фақат касе ба суроғам омад ҳамин гапро гўй.
– Майлаш, гуфтан бошад мегўям, вале метарсам.
– Аз чӣ метарсӣ?
– Аз ҳамон сардори милиса, гапи ўро ду кардан ин бо думи шер бозӣ кардан аст.
–Доимо яксон намонад, чархи гардун ғам махур. Акнун ў худаш аз ман метарсад, он замоне ки мо метарсидем гузашт.
Ҳамаи хўрдагиҳояш аз нуги биниаш хоҳанд баромад.
– Чаро чунин мегўӣ? Даҳони пўшида сад тилло гуфтанд.
– Ман чи гуфтанама медонам.
– Ҳоло ин гапҳоро худат гуфта истодаӣ?
– Боз кӣ мешуд.
– Ба ду гўши худ бовар намекунам.
– Чӣ хел бовар намекунӣ?
– Чунки ту тайи ду соли охир ҳамеша ду даст пеши бар дар хизмати сардори милиса будӣ. Ў ҳам ба худат ба фикрам боварӣ дошт, вагарна кӣ дидааст, ки сардори милиса худаш ба хонаи кадом як галабоне оварда автомат диҳад.
– Якум, ки ў автоматро барои ман туҳфа наоварда буд.
Дуюм ин ки сардори милисаи гуфтагиат ба пўсти ҳайвоноти нодир чашм ало кардагӣ.
– Кадом ҳайвоноти нодир?
– Ҳамон ҳайвонҳое, ки шикорашон маън аст.

пешина
аз 558
навбатӣ