Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ист.
– Чӣ гап шуд рафиқ полковник?– баробари пой ба тормоз бурдан пурсид ронанда.
– Ҳеҷ гап не, аздусар дар ин нисфи шаб кореро анҷом додан мушкил.
Ронанда автомашинаро қафо дода, дар ҷояш тоб хўрд ва роҳ ба тарафи манзили истиқоматии сардор пеш гирифт. Автомашина бо рўшноии чароғҳои хеш пардаи зулмотро дарида ба пеш ҳаракат дошт ва ронанда низ ақлу ҳуши хеш ба роҳ дода буд. Маҳз ҳамин хомўшӣ имконият медод, ки Самандари Сармад сари ташвишҳои зиндагӣ ва норасоиҳои кор андеша намояд.
… Дар давоми зиёда аз як моҳ аниқтараш чил рўзи охир ў ҳамон қадар андеша кард, ки ҳатто «Корвалол» ва «Валокардин» муниси доимиаш гаштанд. Акнун ў дамдузд низ шуда буд.
Баъзан аз як сухани ноҷо худро гум мекунад. Чораи бисёр ҷуст, вале касе ба дардаш дармон нагашт. Лаҳзае пеш дар утоқи кориаш оид ба ба гарав гирифтани ҳамсари Тўйчӣ Ҷалол андеша намуд. Магар ҳамаи ин роҳи ҳали кор аст? Аздусар дер ё зуд набудани автомат ошкор мешавад ва сари ин масъала мақомотҳои назоратӣ ба таври бояду шояд бармегарданд. Агар ягон илоҷ намуда автоматро пеш аз ба даст афтидани ҷинояткор Тўйчӣ Ҷалол ба даст меовардем ва ҳу вал мурод18…
Дар акси ҳол ин сир ниҳон нахоҳад монд. Як ҳафта пеш ў ба корманди БДА Қаюмов супориш дода буд, ки рафту агар автомашинаи «Камаз» рақами давлатиаш 73–18, ки як умр азми сафари Бадахшон дорад пайдо шавад, ронандаашро дар кадом вақте бошад шаб аст ё рўз аз ду сар ба назди ў ҳозир намоянд, вале мисли оне, ки замин «Камаз»– ро бо ронандааш фурў бурда бошад…
Дар ноомади кор «атола дандон шиканад» гуфтагӣ барин «Камаз»– е, ки як умр аз ҳамин роҳ мегузашт, акнун тарки ин роҳ намудааст. Ва боз ин галабон ҳам ба ҷойи муросо рафта, бо ҳамсари ронанда хархаша бардоштааст.
Автомашина пеши дарвозаи ҳавлиаш қарор гирифт. Аккоси саг аз дохили ҳавлӣ ўро аз байни андешаҳои бе сару нугаш берун овард. Ў мисли ҳарвақта мунтазири омада кушодани дар нашуда даст ба ручкаи дар бурда онро ба тарафи хеш кашида дарро ба берун тела дод. Бо азобе ҷисми паҳлавононаи хеш аз автомашина берун овард ва ба ронанда шаби хуш орзу намуда, худ ба тарафи дарвоза ҳаракат кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор