Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умуман, баъди ним соат ў дар пеши хона ҳозир шуд ва барои овардани ҳамсару фарзандаш ба тарафи хона рафт. Баъди чанде таксӣ минтақаи шаҳрро ба қафо гузошта, дар роҳи калон ба тарафи Деҳбаланд ҳаракат кард.
Рўзҳои баҳорӣ ниҳоят дарозанд. Дар муддати чил рўзи охир ду– се дидбонгоҳи БДА–ро бо амри ҳукумат аз роҳ гирифта буданд ва ё худи таксӣ бо суръати баланд ҳаракат кард, ки дар нимаи дуюми рўз, яъне қарибиҳои соати 15 таксӣ ба Деҳбаланд омад. Модари Лола ба истиқболи меҳмонон баромада, онҳоро ба ҳавлӣ даъват намуд. То оғози маъракаи зодрўзи падари Лола боз ду соат вақт буд. Дар ин муддат Туйчӣ ҳамроҳи ҳамсар ва ҷигарбандаш имконият ёфт, ки як сари қадам ба хонаи аҷдодии хеш, ки дар охири деҳа воқеъ гардида буд, дарояд…
Модари угай, ки баъди ишқи аввал Тўйчиӣ ўро оча гуфта буд, ба истиқболашон базўр аз ҷой бархестанӣ шуд, вале Тўйчӣ пешдасти карда модарро хестан намонд. Зулайхо Зафарҷонро ба оғўш гирифта, бо лаҳни кўдакона бо ў суҳбат кард, ки аммаҳояшро ба оғўши фаромўшӣ надиҳад…
– Шумо ин гапҳоро нагўед очаҷон, наход ман аз фарзандони падари хеш канораҷўйӣ кунам?
Гулбарг, ки дар ҳамсоягии модараш зиндагӣ дошт аз ҳама пеш аз омадани бародараш хабардор шуда, ба хонаи падар омад ва дастонашро дар гардани бародар ҳалқа карда, ашк рехт. Бо Зафарҷону янгааш низ гарм вохўрӣ намуду онҳоро ба хонааш даъват кард. Гулбарг гуфт, ки қудо (падари Лола) моро ҳам ба зодрўзаш даъват намудааст. Афсўс ки очаам рафта наметавонад гуфт ў.
– Очаамро мебарем,– гуфт Тўйчӣ ва модарро базўр аз ҷояш хезонд. Ҳамроҳи хоҳаронаш Гулбарг ва Гулбаҳор модарро ба автомашинаи аз шаҳр овардаашон шинонда, ба зодрўзи падарарўсаш бурд…
Баъди маросими ҷашни зодрўзи падарарўсаш ў ҳамроҳи ронанда ва модару хоҳаронаш ба хонаи падар омад. Лолаю Зафарҷон бошанд дар хонаи соҳибҷашн монданд. Тамоми шаб ў мижа таҳ накард, ҳамроҳи модар ва хоҳаронаш суҳбат намуд.
Гулбаҳор низ акнун духтари қадрас шуда буд. Гулбаҳор ба ў монанд буд, мисли себи дукафон. Ҳоло ў дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар синфи ёздаҳум таҳсил дошт.

пешина
аз 558
навбатӣ