Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳозир мефармоям,– гўён ў қалами нав ба дасташ гирифтаро болои мизи кориаш гузошта, аз ҷой бархест…
…Воҳид Камол қоғази пешниҳод кардаи ваколатдори кофтукови ҷиноятиро ба даст гирифта, худашро ба нишастан таклиф кард ва ба мутоилаи гузориш пардохт.
Дар ин муддат Абдумаҷидов Ҳусейновро ба ёд овард, ки тайи ин ду рўз ба гўшаи фаромўшӣ дода буд. Ў нахост дуюмбора занг зада, аз натиҷаи супоришаш пурсон шавад. Мехост фаҳмад, ки Ҳусейнов то ба кадом андоза масъулияти ба зимма гузоштаашро дарк мекунад.
– Худатон меравед? – ниҳоят аз қоғаз чашм канда пурсид сардори ШКД.
– Ба фикрам ҳаминаш осонтар меафтад. Агар имконият шавад галабонро дар маҳали зисташ пурсида, аз натиҷаи он рафти чорабиниҳои минбаъдаро ба нақша мегирам.
– Ин хуб аст, вале беҳтар мешуд, ки боз нафареро аз аъзоёни гурўҳи тафтишотӣ ҳамроҳ мегирифтед. Охир дар кўҳу дашт аз қафои галабон, ки қариб дар ҷиноят гумонбар аст, танҳо рафтан хуб нест.
– Бережёного бог бережёт.
– Модоме ки чунин мешуморед, фардо субҳ ба роҳ бароед.
Фаромўш насозед, ки эҳтиёт ними ҳаёт гуфтаанд.
– Мефаҳмам, гўён Абдумаҷидов бо Воҳид Камол худоҳофизӣ карда, аз дар баромад…
Чун аз назди Воҳид Камол берун омад навбатдор хабар дод, ки лаҳзае пеш нозири минтақавӣ Ҳусейнов занг зада шуморо пурсид ва ман гуфтам, ки баъди даҳ – понздаҳ дақиқа боз занг занад. Биёед, каме ҳамроҳи мо нишинед, як пиёла чой гарм гиред.
– Ман ҳамроҳи шумо шинаму Ҳусейнов занг зада шинад.
– Боке нест рафиқ майор. Дар утоқи кориатон ки шуморо наёфт, адади шашрақамро фаромўш сохта, ба 02, ки баҳри ҳамагон маълуму машҳур аст, занг мезанад.
– Не, беҳтараш ман худам рафта ба ў занг мезанам,– гўён Абдумаҷидов аз пеши шуъбаи навбатдорӣ дур шуд…
Баробари ба курсӣ нишастан ў телефонро ба тарафи хеш наздиктар оварда, чанд рақамро дар диск чид.
– Пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятии рақами чорум шуморо гўш мекунад.

пешина
аз 558
навбатӣ