Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Боз чӣ суол доред?
– Ман донистан мехоҳам, ки шумо чаро аз Самандар Самадович канораҷўйӣ мекунед?
– Канораҷўйӣ мекунам ё не ба шумо чӣ дахл дорад. Охир шумо милисаи ин ҷо набошед. Ман аллакай гуфта гузаштам, ки аз милисаву болниса дуртар будан беҳтар аст.
– Милиса аз шумо он чиро талаб дорад, ки қонун ба зиммааш вогузоштааст. Ҳар чӣ, ки ман донистан мехоҳам, аз доираи қонун берун нест. Он чи ки ман милисаи ин ҷо нестам гапатон рост, вале бори дуюм аст, ки аз рўйи зарурияти тафтишотӣ ба суроғи худи шумо омадам. Агар даъфаи гузашта шуморо меёфтем, шояд аллакай корҳо ҳалу фасл шуда буданд. Чун шуморо наёфтем, зарурияти дуюмбора ба ин ҷо омадан пайдо шуд.
– Ман аллакай ҳамаашро гуфта додам, – чашм ба замин духта гуфт Қосими Асад.
– На ҳамаашро.
– Чияшро нагуфтам?
– Ҳақиқатро.
– Гумон доред, ки дар муддати ин ним соат ман ба шумо дурўғ гуфтам.
– Бале.
– Модоме ки шумо ба суханони банда бовар намекунед, магар зарурият давом додани суҳбат ҳаст?
– Ҳаст.
– Ба гумон аст, ки ман ба гуфтаҳои хеш ягон чизро илова карда тавонам.
– Метавонед.
– Чӣ хел?
– Шуморо танҳо гуфтани ҳақиқат аз ҷавобагрӣ озод мекунад.
– Дар ҳақиқат шумо аз ман гумонбаред?
– Мутаассифона, ҳамин хел аст.
– Бе ягон асос ман чӣ тавр метавонистам, кадом як марди бечораи мусофирро ба қатл расонам?
– Намедонам, вале дар айни вақт ҳамаи далелҳо ба муқобили шумоянд.
– Кадом далелҳо? – Шумо чиҳо гуфта истодаед?– шурида рафт галлабон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор