Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд милиса дар нисбати ў парвандаи ҷиноятӣ оғоз накард, вале ба фикрам ўро хело афшониданд ва он дусад ҳазор доллар сархори сараш шуд. Вазъи ўро дида ман қабат - қабат гўшт мегирифтам. Агар ўро ба ман мегузоштанд, дар як – ду соли дигар ман бо ҳар роҳу восита ўро муфлис мегардондам. Мекушидам, ки ў ба як пора нон зор шавад. Ба фикрам шумо то ҳанўз намедонед, ки нафрати зан чист. Афсўс қотил ҳамин андешаро накард, вагарна ман қотили падару бародаронамро бо ханда мекуштам, бо ханда.
– Шояд ба ман номи он хабаркашро мегуфтед?
– Ман ҳаргиз таманнои онро надорам, ки қотил ҷазо гирад ва аз он чи ки хабаркаш ҳам нисбат ба ман некӣ кард шубҳае надорам.
– Шумо умуман ба ҷайби хеш даст задаед?
– Ҳаргиз ин хел нест. Ў он қасри коширо сохта барои чашмбандӣ ба номи ҷиянаш гузаронида буд ва он амали нопокашро бо духтаракаи ноболиғе дар ҳамон бино ба анҷом расонид.
Ман девона нестам, ки ба ҷайби хеш даст занам ва сад афсўс, ки ўро ба ман нагузоштанд, вагарна дар пеши чашмам чун саг рўзе бо хорию зорӣ ҷон медод ва барои иҷрои ин амали хеш ман ҳама гуна чораҳоро андешида будам…
Вақте ки Сорбони Ҳомид аз бинои нуҳошёна берун шуд офтоб ба қиём расида буд, вале шуоҳои он таъсирбахш набуданд. Ў дигар ба ҷустуҷўи он ду дилдода, ки аз паҳлуи бино шаби гузашта қадам ниҳода буданд нарафт. Капитани милиса Сорбони Ҳомид то ба идора омадан сари суханони Гулбарг андеша намуд ва ба хулосае омад, ки аз нафрати зан дида нафрати сахттаре нест…
… 12 …
Сардори ШКД ноҳияи Сарчашма подполковники милиса Ҳамид Ҷовид дар маҷлиси пагоҳирўзии ҳайати шахсӣ Сорбони Ҳомидро надида изҳори нигаронӣ кард, вале чун сарнозири минтақавӣ Қурбон Дўст, гуфт ки бояд Сорбони Ҳомид дар асоси супориши муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким аз пайи корҳои дишаба мерафт Ҳамид Ҷовид ором шуд.
Ҳарчанд Ҳамид Ҷовид дар Сарчашма одами нав буд, ўро ҳамагӣ як моҳ пештар ба ин вазифа таъин намуда буданд, вале бо Сорбони Ҳомид шиноси дерина буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё