Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Қотили асосӣ бошад мўйсафеди роғист. Ҳамаи ин ҳанўз ҳамин хел фикри шахсии Абдумаҷидов буд ва ў худи ҳамон лаҳза телефонограммае ба номи сардори ШКД–и ноҳияи Роғ тартиб дода, аз утоқи кориаш берун шуд. Чун ба таври расмӣ Тўйчӣ Ҷалолро боздошт намуданд ва нусхаи протоколро барои маълумот ба прокуратура фиристоданд Абдумаҷидов қоғази телефонограмма дар даст ба утоқи кории сардори ШКД рафт.
Воҳид Камол ба мазмуни телефонограмма шинос шуда, ба он имзо накард. Гуфт, ки ба умеди ШКД–и ноҳияи Роғ шудан лозим нест. Баръакс, бо прокурор маслиҳат карда, розигии ўро барои ба ҳабс гирифтани Гул Набӣ гирифтан лозим.
– Ин ҳеҷ имконият надорад.
– Чаро?
– Чунки Тўйчӣ Ҷалол мўйсафедро надида, сухане ба забон нахоҳад овард.
– Ин хел бошад чӣ илоҷ, ана имзо мегузорам,– гўён Воҳид Камол ба телефонограмма имзо гузошт.
Суман аз мактаб вақте омад, ки бобояш дар даруни ҳота ҷунбуҷўл дошт. Ў салом дода, гузашта ба хона рафт. Таъби набера болида буд ва таъби хуши мағзи донак каме ҳам бошад рўҳи мўйсафедро болида сохт. Лаҳзае пас Суман китобҳояшро монда қоғазеро гирифта, назди бобо омад.
– Ана ин ба шумо бобоҷон, – гўён Суман қоғази дар дасташ бударо ба дасти мўйсафед доданӣ шуд, вале бобояш аз гирифтани қоғаз худдорӣ карда пурсид, ки ин чи?
– Ин даъватнома, аз мактаб барои шумо. Фардо бобоҷон занги охир.
– Занги охир бошад нағз, вале ман дар он ҷо рафта, чӣ кор мекунам?
– Шумою бибиҷонам баромади ҳаваскорони мактабро тамошо мекунед.
Дар ин чанд соли охир ўро касе ба мактаб даъват накарда буд ва ин даъфа ҳам ў қоғазро аз дасти набера гирфта бовар накард. Ин амалро боз яке аз шухиҳои навбатии Суман донист, ки қоғазро ҳатто накушода ба ҷайб зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор