Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарвари ҳозираи мактабро ду маротиба шармандавор аз вазифа сабукдўш карданд, вале боз ҷон ба каф гузошта, аз думи раису мудири маориф давид ва боз сари мансаб омад…
Мўйсафед нав аз ҷой бархеста оби ҷўйборро ба тарафи ҳамон себе, ки дар зераш нишаста буд гардонд, ки тақ–тақи дарвоза баланд шуд…
– Марҳамат дароед, - аз ҳота овоз дод Гул Набӣ.
Дар кушода шуду ҷавони низомипўше вориди ҳавлӣ гашта боадабона салом дод.
– Марҳамат гузаред,– гўён Гул Набӣ белро ба паҳлуи себ гузошта, ба тарафи ҷавони вориди ҳавлигашта қадам гузошт.
Мўйсафед бо ҷавони низомипўш гарм вохўрӣ намуда, ўро ба болои кат барои нишастан даъват кард. Суман аз хона боз кўрпачаи нав оварда, болои кат густурд ва худ барои овардани дастархон рафт. Ҷавони низомипўш, ки дар милиса кор мекардааст, мақсади ташрифи хешро баён намуда, қоғазеро бароварда ба дасти мўйсафед дод. Дар қоғаз ҳам муҳри ШКД–и ноҳияи Роғ зада шуда ва дар он омада буд, ки ба таври таъҷилӣ сокини деҳаи Роғи ноҳияи Роғ Гул Набӣ ба назди ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ШКД–и ноҳияи Гулистон шаҳри Душанбе майори милиса Абдумаҷидов ҳозир шавад.
– Чаро аз прокуратураи генералӣ нею аз ШКД–и ноҳияи Гулистон? Чаро аз номи муфаттиш Атоев неву аз номи кадом як Абдумаҷидов маро ҷеғ заданд?
– Намедонам бобо. Ба ман супориш доданд, ки ҳозиршавии шуморо ба ШКД–и ноҳияи Гулистон таъмин намоям.
– Чӣ шумо ҳам меравед?
– Ман барои дигар кор бояд ба шаҳр мерафтам ва чун ин телефонограмма омад, сардорамон супориш дод, ки ҳамроҳи шумо равам. Ҳатто мошин ҳам ёфтам, агар тайёр бошед, як соат пас ба роҳ мебароем.
– Не, ман имрўз рафта наметавонам, агар вақт дошта бошед фардо меравем.
– Майлаш фардо бошад фардо меравем,– гуфт ҷавон ва аз ҷой бархест. Дар ин вақт Суман дастархон дар даст аз хона берун шуд ва мўйсафед ба ҷону ҳоли меҳмон намонда, ўро ба нишастан маҷбур кард.

пешина
аз 558
навбатӣ