Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Вохўрӣ бо Гулбарги Одина ё худ Садорати Ҷумъа лаҳзае аз гўшаи хаёлаш дур нагашт ва маҳз суханҳои Гулбарг, ки чун путк то ҳанўз дар гўшаш садо медоданд, ба андешарониҳои ў монеъ шуданд.
– Қонунҳои нонавиштаи зиндагӣ шояд ҳаминҳо бошанд,– аз дил гузаронд ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ва мехост, ки андешаҳои хешро дар ҳамин хусус гирд овараду дар асоси мантиқ ба рафтори ҳамсари Розиқ Амон баҳо диҳад, вале занги телефон садо доду бе ин ҳам он лашкари парокандаро торумор сохт.
– Ҳа бале, – гўшакро бардошта гулў рўшан намуд ў.
– Ба назди сардор дароед, – хабар дод навбатдор.
– Хуб шудааст.
Чун аз курсӣ бархест, он лашкари паҳну парешро фарсахҳо дур дид ва ба хулосае омад, ки яку якбора гирд овардани ин лашкари пароканда ба осонӣ ба даст нахоҳад омад. Чун ў ба ҳама ҳодисоти олам ба таври объективӣ менигарист, ин дафъа низ умедро аз қалбаш дур накард, то он чун шуъла аланга бигирад ва дар корҳояш созгору мададгор гардад…
Дар қабулгоҳ ба ҷуз котиба касе набуд ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бо ишораи сар ба котиба салом дода дари муқобилро кушод.
– Эй мардак дар куҷо мегардӣ? – ҳанўз пой бар остонаи дафтари кории сардори ШКД гузошта – нагузашта овоз рушан кард Ҳамид Ҷовид.
– Хумори тамошои саҳнаи дишаба дар майнам давр заду сари субҳ боз ба кўчаи Хуросон рафтам, – ба тарафи мизи кории сардор ҳаракат карда истода посух дод Сорбони Ҳомид.
Ҳамид Ҷовид ба истиқболи ў аз ҷой бархест ва баъди вохўрӣ курсиеро нишон дода, капитанро ба нишастан таклиф кард.
– Ягон бўю умеде ҳаст, – яку якбора ба сари мақсад омада пурсид сарвари милиса.
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам.
– Шахсияти муҳофизро муайян намудед?
– Номаш Маҷнун, номи падараш Замир.
– Ҳамсари мудири бонк чӣ мегўяд?
– Ба қотил аҳсан гуфт.
– Нафаҳмидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё