Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фотеҳро сари субҳ ба шаҳр гусел намуда гуфт, ки барояш зане меёбад, ки аз Бунафша ҳам боло нашуд баробари ў бошад.
Кӣ медонист баъди ду шаб Бунафша кулбаи падарро тарк мекунад ва боз ба оташи дили авлодаш равған мепошад? …
Маҳз ҳамин сабукфикрии Бунафша боиси нест шудани як оила гашт. Агар Бунафша андешаи обрўйи падару бародаронаш мекард, эҳтимол ин қадар бадбахтиҳо рўй намедод, вале чӣ илоҷ ки гургзода оқибат гург шуд, агарчӣ ба одамӣ бузург шуд.
Ў то замони ба хостгорӣ рафтани падарам як духтари шармгин буд, пас чаро он ҳама шарму ҳаёро, ки зевари зан аст пеши по зад, чаро?
Садорат ба ин суоли хеш ҷавоб наёфт. Ў аз ҷой бархеста ба хонаи дигар гузашт, то аз тиреза бубинад, ки он милиса куҷо шуд.
Тирезаро кушода ба самти роҳ нигарист. Корманди милиса рўйи роҳ баромада таксиеро боздошт. Чун милиса ба таксӣ нишасту лаҳзае пас аз мадди назари соҳибхона дур шуд, Садорат ҳамон хел сокиту хомўш мисли ҳайкал рост монд…
Замин ба пуррагӣ дар зери курпаи барф буд. Новобаста аз он, ки офтоб аз зери пардаи абр кайҳо озод буд, вале нурҳояш гармӣ надошт. Манзараи сарди ҳозираро дар тафаккури хеш ҷавонзан ба зиндагии ду соли охир доштааш шабеҳ дод. Ў худро ба ҷойи замин тасаввур намуд ва шавҳарро ба ҷойи ҳамон офтоби бе нур. Пероҳани ў пероҳани нафрат буд ва ҳарчанд он офтоб шуо доду нурпошӣ кард, замини дар зери он пероҳанбуда, ки нисбат ба офтоби хеш бе тафовут буд, гарм нашуд, ки нашуд.
Қалби сарди замин дар зери пиряхҳои чандсола монда буд ва об шудани ин яхҳо ба гумон буд…
Чанд лаҳза пеш корманди милиса ўро огоҳ намуд, ки то ҳаллу фасл шудани кор аз шаҳр берун наравад.
«Гумон кард, ки ман мегурезам. Чаро мегурехтаам? Гуноҳе надорам, ки назди қонун музтар бошаму назди Худованд осӣ.
Ҳама гуноҳам он аст, ки дар марги шавҳар ман ашк нарехтам ва шояд нафароне бошанд, ки бандаро дар ҷурми одамкушӣ ҳам айбдор шуморанд. Не, ман фарорасии чунин рўзро орзу мекардам, вале кор тарзе рух дод, ки бар хилофи хоҳишҳои ман шуд. Мо ҳама назди бузургии Худованд бечорем. Ва ман шукри он мекунам, ки аз бад бадтар нашуд. Рафту ў дар об мерафт ман орзую ҳасрати хешро ба гўр мебурдам.

пешина
аз 558
навбатӣ