Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Не, ба фикрам бой мешавӣ?
– Аз куҷо гирифтӣ?
– О ҳамин хел як латифа ҳаст– ку. Вақте ки Леонид Ильич6 ба Индира Гандӣ занг мезанад, бонуи ҳинд вайро намешиносад. Леонид Ильич посух мегўяд, ки боҳатим (богатим) будешь7.
– Хуш, акнун шинохтӣ?
– Сарвиноз!
– Боз кӣ мешуд? Шумо мардҳоро…
– Исто – исто, ки ту ҳоло дар куҷоӣ?
– Намегўям.
– Чаро?
– Чунки аз боварӣ баромадӣ.
– Ин хел нагўй, банда ҳамеша дар ёди туям.
– Бовар намекунам.
– Оҳ, чӣ қадар ман мехостам, ки ҳоло ту дар барам бошӣ.
– Чунки мани беақл худам занг задам, ҳамин хел?
– Ман аз ду сар имрўз ба ту занг мезадам.
– Ҳамааш дурўғ. Он шаб ҳам ба ман гуфта будӣ, ки фардо занг мезанам ва тайи ду ҳафта аз ту хабаре нест.
– Ман дар сафари хизматӣ будам.
– Фарқаш чӣ ки дар куҷо будӣ? Ҳоло дар ҳамаи гўшаҳои ҷаҳон телефон ҳаст.
– Чун вохўрем ҳамаашро ба ту мефаҳмонам.
Занги дар садо дод. Насим аз ҷой бархест.
– Алло, алло, Сарвиноз ман баъдтар занг мезанам, – гўён ў телефонро хомўш карда ба тарафи дар ҳаракат намуд. Гумон дошт, ки Ҳотам Илёс ба кулбааш ташриф овардааст. Чун дарро кушод, дар рў ба рўяш Сарвинозро дид, ҳарчанд қариб лучи модарзод буд, вале…
– Дуоят мустаҷоб шуд, занг заданат лозим нест, – гўён Сарвиноз боз пой бар кулбаи Насим ниҳод…
… 16 …
Рози дили Гулбарги Одина дар дили ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ капитани милиса Сорбони Ҳомид сози хешро пайдо
накард. Ҳарчанд дарду доғи дили Гулбаргро интиҳо набуд ва мебоист шунаванда торҳои дили хешро бо навои ин дили аламзада ҷўр месохт, вале шунавандаи аввалини ин рози ниҳон садои хешро бо овози достонсаро ҷўр кардан нахост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё