Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Олами роз» ниҳоят қаҳвахонаи калон буд ва дар як нигоҳ Насим фаҳмид, ки дар дохили он на камтар аз чил нафар мардон ва боз ними ҳамин барин занон саргарми тановули нисфирўзианд. Дар байни чунин ашхоси сершумор муайян кардани шахсияти нафаре, ки бо Ҳотам Илёс то ба ин дам сари суҳбат буд, осон набуд. Дурусттараш чунин амал лозим ҳам набуд. Охир ба ў чӣ фарқ дорад, ки акаи қиёматиаш бо кӣ суҳбат мекунад. Духтараки пешхизмат ўро дидан замон чун аломати савол дуқат шуд ва яке аз курсиҳои наздикии дари даромадгоҳро нишон дод то мизоҷ нишинаду вай баҳри хизматаш камар бандад. Маълум, ки духтарак то кунун ўро намешиносад ва аз эҳтимол кӣ будани он шахси дар кунҷи рости қаҳвахонаро ҳам намедонад. Насим ба пешхизмат ташаккур гуфта ба тарафи мизе, ки Ҳотам Илёс нишаста буд, ҳаракат кард. Охир, вай на камтар аз даҳ маротиба бо Ҳотам Илёс дар ҳамин қаҳвахона вохўрдааст, вале боре ҳам пеш аз акаи қиёматиаш наомадааст. Инро чӣ сиррест то кунун намедонад, вале ҳамин лаҳза ба ёд овард, ки аҷаб нест Ҳотам Илёс сараввал ба ин ҷо омада, сипас ба ў занг мезанад…
Аз назари мантиқ ҳамин фикр ба ҳақиқат мувофиқтар буд ва бинанда ҳаргиз гумон намекард, ки ин марди дар либоси ғайринизомӣ буда, бо хабаркашҳои хеш дар ин ҷо вохўрӣ дорад. Насим бошад хабаркаши расмӣ набуд ва дар ҳолатҳои ногувор Ҳотам Илёс имконияти пурра дошт бигўяд, ки ў дар «Олами роз» бо додархондаш Насим вохўрда буд.
Ҳотам Илёс баробари ўро дидан аз ҷой нимхез шуда, баҳри вохўрӣ даст дод ва Насимро ба нишастан дар рў ба рўяш таклиф кард. Ин даъфа Насим ба курсие нишаст, ки пушташ ба тарафи аҳли толор буд.
Ҳотам Илёс, ки рўяш ба тарафи аҳли толор буд, бо ишораи даст пешхизматро ба назди хеш хонд ва баҳри мусоҳибаш таом фармуд.
– Шумо чӣ?
– Ман ба диета гузаштагӣ. Шояд шароб ҳам фармоям?
– Не, лозим нест.
Чун пешхизмат аз пайи супориш рафт, Ҳотам Илёс пурсид:
– Хуш, корҳо чӣ хел?
– Ҳамааш ба ҷо.

пешина
аз 558
навбатӣ