Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

коре аз дасти мо бандагон сохта нест. Бисёр афсус мехӯрдам ва ҳамаро ҳаволаи Офаридгор мекардам.

Маҳз ошноӣ бо осори гузаштагон маро ба хулосае овард, ки рӯҳияи миллӣ ва тамаддуни ниёгон дар вуҷуди миллати тоҷик рӯз то рӯз мисли хӯроки хӯрда ҳазм шудаву дар арафаи нобудшавӣ қарор дошт. Аз ҳама муҳим худобезории режими он вақт маро бисёр ба танг меовард. Шояд агар ин режим бо он гуна шаҳомату қудрат ва фақирпарастиву баробарияш агар худопарастиро аз вуҷуди мардум дур намекард, шояд ва садҳо шояди дигар, ки ин мамлакат пойдортарин ва бешикасттарин давлат дар арсаи ҷаҳон мешуд. Зеро ҷанбаҳои хубу чашмрас низ дошт, ки наметавон ҳамаи онро нодида гирифт.

Дар ниҳоят кулли ҷаҳон шоҳид гаштанд, ки ин гуна давлати абарқудрат авохири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми садаи гузашта ба марги якумрӣ мувоҷеҳ шуд. Боз дар лаҳзаҳое, ки кишвари зӯргӯву тавонманди ИҶШС аз байн мерафт, бо афсӯс ба худ мегуфтам, ки давлатдории баробарӣ ва серию фаровонӣ буд, эй кош дар чунин давлати баробариву бародарӣ худобезорӣ намебуд, шояд аз байн намерафт. Аммо ҷанбаҳои худобезориву миллатбезорӣ дар вуҷуди бошандагони кишвари мо то ба ҳанӯз боқӣ буд. Буданд афроде, ки ҳанӯз ғояҳои коммунистиро чун Худо мепарастиданду ба кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон бо шубҳаву машкукӣ назар меандӯхтанд. Дар аксар маҷолису маҳофили солҳои 90-ум чеҳраи чунин ашҳос дарҳол ҳувайдо мегардид ва ҳамеша алорағми фикрҳои бедору миллатпарастӣ баромад мекарданд.

пешина
аз 385
навбатӣ