Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

рафтан мехоҳад. Ман низ дӯстони дӯстамро, ки ҳамчун дӯст медонам, пешниҳоди ӯро рад накардам. Ману Люба ва дугонаи исфарагиам Ҳамидахон Каримова, ҳамсари ҷонишини раиси шаҳри вақт бо мошини сабукрави Музаффаров Исмоилхӯҷа ба Тошканд равон шудем.

Ёд дорам, ки мо рӯзи шанбе ба Тошканд расидем. Дар ҳақиқат София зани шарқӣ будаасту хеле зебо ва чеҳраи боиффат дошт. Сару либоси исломӣ ба бар дошт. Моро хуш қабул кард. Дарҳол дастурхон кушоду моро хушомадед гуфт. Аммо ман дарҳол пайхас кардам, ки хонаи София ба хона шабоҳат надошт. Балки ба як корхона монанд буд, ки равуоии зиёди мардумро мушоҳида кардам.

Ба Люба бо тахайюр хитобан:

  • Ба фикрам София моро ба корхонааш ҷой кард, - ба равуоии мардум бо сарам ишораву хам шуда ба бехи гӯшаш гуфтам.

Люба табассуми малеҳашро нишон доду ба ман сарашро хам карду садои пасти хандаи зебояш дар гӯшам маҳин ҷарангос зад ва сонитар гуфт:

  • Дугонаам София, ҳунари пешгӯиву фолбинӣ ва дарёфтани роҳи табобати баъзе касалиҳоро низ дорад. Аз ин хотир имрӯз, ки шанбе аст, рӯзи қабулаш мебошад.

Ба равуоии мардум назар медухтаму ба худ мегуфтам, ки наход ин мардум ба як фолбин бовар кунанд. Наход ақлашон нагирад, ки фолбинҳо ҳама гапро таваккал мегӯянду ба дарди эшон расидагӣ карда наметавонанд. Ман низ он вақт ба ягон фолбин бовар надоштаму надорам. Зеро оилаи мо, ки аз аҳли рӯҳоният ва худопараст буданд, мо фарзандон аз хурдӣ чунин ба воя расидаем, ки ба фолбину соҳирон бовар надорем.

Он лаҳза низ бо як шаки том ба чеҳраи меҳмононе, ки дар хонаи София буданд, назар дӯхтам ва аз симояш маълумам шуд, ки ин мизоҷон на як бору ду бор ба ин даргоҳ омадаанд, балки хеле зиёд омада будаанд ва ба маҳорати София тан дода, бо як эҳтироми хоса муроҷиат менамудаанд.

София аз мо узр хосту пеши мизоҷонаш рафт. Ин ҳангом ману Люба ва дугонаам Ҳамидахон ва акаи Хӯҷа дар хонаи

пешина
аз 385
навбатӣ