Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҳама бардошти муҳими ҳар як тавофкунанда ин аст, ки миллатҳои гуногун, гуфторҳои мухталиф, қадду баст ва шаклу шамоили ҳархела дар ин макон ҳамсону якранг будаанд. Якрангӣ дар чист? Якрангӣ дар он аст, ки сирати ҳама суратҳои мухталиф мунобеҳи якдигаранд. Ақида ва ҳаракати ибодат дар ин манзил як мазмунро ифода мекунад: Ба хотири хушнудии Худованд ва Расули барҳақи ӯ ҳама омода буданд ин ҷо ҷонашонро нисор кунанд. Ин маъно аз чеҳраи ҳазоррангаи мусалмононе, ки ба хотири Худо ин ҷо ҷамъ омадаанд, ҳувайдо буд.

Ҳамаро гирёну нолон пиромуни хонаи Каъба дарёфтам, ки шӯру мастона давр мезаданд. Аз Офаридгори беназиру якто талаби хешро дархост карда, аҷзи худро дар баробари шаҳомату бузургии Ӯ изҳори месохтанд. Мани гунаҳгор низ бо ашки шашқатор аз забони онҳо ҳар чӣ ба гӯшам расид, такрор кардам.

Ҳангоми тавоф ҳама ҳамроҳи ҳамсафони хеш атрофи Каъбаро зиёраткунон давр мезаданд. Аз сабаби он ки қавмҳои зиёди маммолики дунё ин ҷоанд, ба хотири гум накардани якдигару мақоми зисти муваққат мушоҳида кардам, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба тавоф баромадаанд. Мо низ бо гурӯҳи хеш қаблан маслиҳат кардем, ки дар ин ҷо якдигарро гум накунем, ба дунболи якдигар гардем, аз ин рӯ бояд аз гурӯҳи махсуси худ ҷудо набошем. Бо гурӯҳи ҳоҷиёни ҳамватанам ман низ кӯшиш кардам, ки ҷудо набошам, то раҳгум назанам. Аммо Худованд ҳар касеро, ки хоҳад дар ин мавҷи пурталотуми ишқаш раҳгум мезанонидааст. Аҷаб лаззате доштааст раҳгум задан дар анбӯҳи шавқи худой. Қиссаи раҳгум задани ман низ чунин иттифоқ уфтод:

Ҳампаҳлӯи қавми мо гурӯҳи калони ҳиндуҳои мусалмон андармони зиёрату нолаву шеванҳо дар ибодату тавба буданд. Ин манзараро кас дида, ба андешае меравад, ки зиёдии ҳоҷиён ба мавҷҳои калони дарёи азиме монанд аст. Ҳар замон ин мавҷҳо лаппиш хӯрда, гоҳ ба канораву гоҳ ба қаъри дарё ва гоҳ дар миёнҷои маҷро қарор мегирифтанд.

пешина
аз 385
навбатӣ