Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

аз пайи талх кардани айши ягон нафари худогоҳ дар камин менишастаанд. Дар навиштани номаҳои беимзо устокории як идда кӯрдилу нотавонбин буд, ки қишри зиёди зиёиёну фарҳангиёни кишвар дасту дил аз ватану кори ватан шуста, рӯи ниёз ба дигар кишвар овардаанд.

Рӯзе андармон дар дафтари кориам будам. Аз долон шунидам, ки овози мардонае маро аз мураббияе пурсон шуда, кадом утоқ будани дафтари кориамро ҷӯё шуд. Гумон кардам падари ягон тарбиятгиранда бошад. Аз миён фурсати ду-се мижазанӣ нагузашта, дари утоқи кориам кушода шуду ду марди босалобати хушқаду қомат салом гӯён даромада омаданд.

Эшонро пазироӣ кардаму матлаби омаданашонро пурсидам. Баъди суолу ҷавоб маълум шуд, ки онҳо кормандони кумитаи амнияти миллӣ будаанд. Чун ба пурсишу посухҳо хеле одат карда будам, ин бор худро чун вақтҳои дигар гум накардам, ҳар пурсише, ки аз ҷониби эшон мешуд, ошкоро посух додам.

Яке аз онҳо Самеъҷон Самадов марди миёнақади кулчарӯю чашмони ҳавоии назаррабо, сихмӯй ва донандаи хуби забони арабӣ будааст. Самеъҷон Самадов ҷонишини сардори кумитаи амнияти ноҳияи Исфара буд. Ӯ хеле ором гӯш мекардасту ором ҳарфҳоро санҷида мегуфт. Дуввумӣ Саидбек ном дошту ҷавонмари қоматбаланд, мӯйлабчадор, ситорагарм ва хеле нигоҳҳои меҳрубону андешамандонае дошт. Аз сӯҳбати нахустини ин ду мард ман ягон ғаразеро дар гуфторашон пай набурдам. Баръакс, дар маънии суханашон хайрхоҳиро дидам.

Зимни сӯҳбат муайян гардид, ки ба Кумитаи амнияти миллӣ номаи шикоятие аз болоям рафта будааст, ки ман дар кӯдакистон равияи тарбияеро пеш гирифтаам, ки гӯё қуллан исломӣ будааст ва муқобили сиёсати пешгирифтаи ҳукумат бачагон таълиму тарбия мегирифтаанд. Бар замми ин дар шикоят навишта шуда будааст, ки гӯё кӯдаконро дар замин хобонида, тарбияи мактаби кӯҳнаи пеш аз инқилобии амирони Бухороро ба роҳ монда бошам. Хуллас, шикоят хеле

пешина
аз 385
навбатӣ