Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Рӯзи сешанбе: аввали рӯз нек бошад то чошт, он гоҳ нек бошад то пешин, он гоҳ бад бошад то аср, он гоҳ нек бошад то хуфтан.
Ахиран, ба ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" мақола навиштам, ки барои возеҳтар ва фаҳмотар шудани қиссаи воқеии зиндагиям он мақоларо ин ҷо меоварам:
Ба сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" Аскар Ҳаким.
"Донистани хат оё ҳунар нест?
Муҳаррири муҳтарам!
Моҳи октябри соли 1988, вақте, ки дар беморхонаи вилояти Ленинобод бистарӣ будам, кушода шудани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳуруфи классикиро шунида, хурсанд шудам. Ният кардам, ки пас аз ҷарроҳӣ, агар сиҳат шавам, хоҳиши дӯстонро ба ҷо оварда, дар назди Хазинаи маданият курси омӯзиши ҳуруфи классикиро ифтитоҳ мекунам. Он чӣ ки худ омӯхтаам, ба дигарон меомӯзонам. Маблағи даромадро ба иҷрои кори савоб, яъне таъмири ягон ёдгории қадимӣ ва ё ободонии шаҳрам харҷ мекунам.
Ман дар синни 13-14 солагӣ аз падарам хондану навиштани ин ҳуруфро омӯхта будам. Вале аз саводам касе хабар надошт. Китоби классиконамонро пинҳонӣ мехондам. Аз суханони пандомези онҳо, аз ҳикоятҳои аҷибашон ба ваҷд меомадам. Баъзан ҳайрон мешудам, ки китобҳои ниёгонамон саросар ҳикмат, ахлоқ, насиҳат, покдомонӣ, ростқавлӣ ҳикоят мекардаанду аммо кормандони партиявию давлатӣ онҳоро хурофот ва зараррасон меномиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё