Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
асозанон ба сӯям омаданд. Ҳайрон шудам ва як навъ дар вуҷудам ҳаросро эҳсос кардам.
-Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?-бо абрӯвони чину бо оҳанги сард падарам хитоб карданд, -ҷои ту ин ҷо не, рав ҷои ту онҷо,- гуфтанду бо ишораи асояшон баландии суфрамонандеро нишон доданд, ки дар пешорӯи паҳнои дари буд. Ман аз рӯи амри падар хестаму болои он суфра баланд шудам ва қафо нигоҳ кардам, ки дар садр нишастагон ба сӯям якзайл нигоҳҳои пурмаънӣ карда, бехгӯшӣ ба ҳамдигар бо истеҳзо дар бораи ман чӣҳое мегуфтанд.
Дарро боз кардам, ки дар он ҷо маҳфили занҳои боиффати кӯдакони зиёде буданд, ки он маҳфил нисбат ба маҳфили пешин хеле орому бо тартиб буд. Занҳову кӯдакон ҳама зебову сару либоси миллӣ доштанду чеҳраҳошон нуронӣ буд.
Садои мусиқиву қадаҳҳои шароб ин ҷо набуд. Падар боз хитоб карданд;
-Духтарам, ҷои ту ин ҷост,-ин хитобаро бароям гуфтанду баромада рафтанд.
Аз хоби кӯтоҳмуддати пурасрор бо шаст ҷаҳида хестам.
Овози тиқ-тиқи якмароми қатора ба гӯш мерасид. Ба ҳамсафарам хобро баён кардам. Он кас ҳам китф дарҳам кашиду азбаски муаллим Яҳёев хеле марди бомаърифат будаанд, то қадри имкон хобамро таъвил намуданд. Аз гуфти муаллим хобам аввал нишони парешониву душворӣ ва сониян бароҳативу пирӯзист.
Соати 10:00 ба Исфара расидам. Ба хона омадаму пеш аз ба қабули раиси шаҳр Ҳалимов даромадан, хостам варақаи бемориамро дар поликлиника маҳкам намоям. Ба духтур Аҳмадов Боқиҷон телефонӣ тамос гирифтаму аз рафтан ба ҳузурашон иттилоъ додам.
Ба даромадгоҳи поликлиникаи шаҳр расидаму дар
даромадгоҳ Воситоваю мудири поликлиника Мамадоваро
дидам, ки маро дидан замон гӯё аз ман гурехта истода бошанд,
худро ба лифт заданд. Аз ҳаракати онҳо дар ҳайрат шудаму
пиндоштам, ки шояд маро надида бошанд. Бо вуҷуди ин ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо