Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ғайраҳо ҷамъомадҳо созмон додам, ки барои бонувони ноҳияи дурдасти кӯҳистон басо муҳим ва дарси зиндае буд.
Пайвастан ба сиёсат ва ҳизб ба ман як чизро равшан кард: Бо ҳолати воқеии зисти зани тоҷик, модари муштипару духтарони миллат ошно гаштам. Қабл аз ин тавассути симо ва садо аз вазъи занони ҳамватанам огоҳ будаму халос. Инак, ман бо чашмони худ бисёр дар ҳолати ногувор қарор доштани сатҳи дониши занону духтаронро шоҳид шудам. Дар ҷодаи саводомӯзии занҳои деҳот заҳмати бисёре мебояд кашид. То ҳаққу ҳуқуқҳои худро донанд, то дар ҳолатҳои зарурӣ худро аз лиҳози ҳадди аққал ҳуқуқ ҳимоя карда тавонанд.
То ин вақт ман борҳо ба Душанбе сафар карда, аз дарсҳои устод Нуриву Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабириву Мавлавӣ Абулҳай таҷрибаи васеъи кори сиёсӣ омӯхтам. Ин абармардон дар ҳаёти сиёсиам ва вусъати тафаккурам таҳаввулоти зиёде ворид намуданд. Маҳз ҲНИТ сабаб шуд, ки ман чеҳраҳои фарҳангию сиёсии Тоҷикистон аз наздик ошной пайдо кардаму аз ҳар яке онон баҳрае гирифтам. Дар ин қатор бо Абдулмаҷид Достиев, Отахон Латифӣ, Иброҳим Усмон, Кароматулло

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо