Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Профессор Асадуллоев ба номи роҳбарони шаҳрамон мактуб навиштанд. Дар мактуб зикр шуда буд, ки ман дар ин соҳа донишу фаҳмиш дорам. Азбаски китоби дарсӣ нест, аз рӯи дастури "Ба ёрии омӯзандагони алифбои арабии тоҷикӣ" ва китобҳои оммавии алифбои классикӣ нашр шуда, аз қабили "Тобистон" дарс гӯям.
Ин мактуб ҳам ба калонҳои шаҳрамон таъсир накард. Гапи нав бароварда гуфтанд, шахсоне ба курсҳои ҳуқуқӣ дарс додан доранд, ки маълумоти олӣ дошта бошанд.
Дар ин хусус ба ҷонишини раиси комитети иҷроияи шаҳр рафиқ Зокиров баҳс кардам. Далелҳо оварда, ба исбот кардам, ки аз иҷрои ин кор мебароям. Сонӣ маслиҳату машваратҳои профессор С. Асадуллоев, устод Раҳим Ҷалил, Гулрухсор Сафиеваро ба он кас фаҳмонидам. Вале таъсир накард. Ба ман ҷавоб доданд, ки профессор як муаллим, Раҳим Ҷалил як нависанда ва Гулрухсор ҳам як шоир аст. Ба шаҳрамон худамон хӯҷайну худамон ҷавобгарем. Агар халқ осори нависандагони классикиро хондагӣ бошад, марҳамат хонад, дар китобхонаҳо бо алифбои осон (кирилликӣ. Н.И) мавҷуданд.
Рости гап, пас аз чунин сӯҳбатҳо бо роҳбарони шаҳрамон дилам аз онҳо монд. Ҳамаи роҳбарони пештара нав шуданд, фикр кардем, ки муносибат ва одам нав мешавад. Вале имрӯзҳо, дар замони босозӣ, ошкорбаёнӣ боз чунин рафтору амалро мебинем. Ман ҳайронам, ки чаро онҳо аз савод омӯхтани халқамон метарсанд?
Ман ба хулосае омадам, ки барои забони модариамонро пойдору мустаҳкам кардан донистани ҳуруфи классикӣ ба ҳар тоҷик зарур аст. Мо аз бисёр анъанаҳои хеш дур шудаем. Одобро аз даст додаем. Баъзе занон маданияти хешро дар маъракаҳо дар шаробнӯшӣ мебинанд.
Хушбахтона ҳоло роҳи ҳалли бисёр муаммоҳо ёфт шудааст. Аксар ҷавонон майл ба омӯхтани ҳӯруфи классикӣ ва осори ниёгонамон овардаанд. Дар дохили боғи маданияти шаҳр як курси омӯзиши ҳӯруфи классикӣ амал мекунад, дар он 25-30 нафар шогирд мехонад. Аммо хоҳишмандоне, ки дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё