Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
баромада ба ман гуфт, ки сардорро нӯҳ нафар аз ронандагон гаравгон гирифтаанду аз ин сабаб маро қабул карда наметавонад. Аз ин муносибатҳо ҳайрон шуда, ноумед ба ҷониби Исфара бозгаштам.
Тайи се соат дар автобус, ки бӯи ғализи моҳии хом медод, ростпо бо як азоб ба саристгоҳи Исфара расидем. Дилам беҷову беҳузур шуд. Аз ин лиҳоз маҷбур шудам, ки аз истгоҳи Исфара бо таксӣ ба хона оям.
Аҷаб буд, даъват мекунанду ба ҳузурашон намепазиранд. Намедонам инро чӣ гуна баҳо диҳам. Аммо боз воқеаи аҷиб рух дод. Боз маро огоҳ карданд, ки бояд 9 сентябр ба ҳузури сардори ИНХ дароям.
9 сентябр. Боз бо даъвати сардори ИНХ ба наздаш ҳозир шудам. Ин рӯз ҳам боз ҳамон афроди зиёда аз чил нафара дар ҳамон ҳолату макони собиқ маро дар гузаргоҳи дуюм ошёна "пешвоз" гирифтанд. Бо сари хам салом дода, аз байнашон гузаштанӣ будам, ки кадоме аз онҳо ба ҷои салом аз пасам бо садои баланди шунаво нисбати ман ҳақорати ғайриинсоние кард. Дар ин лаҳза сармуҳосиби идора Ҳоҷарой аз утоқи кориаш баромада буд. Ин ҳақоратро ӯ низ шунид, ки аз аҷобат китф дарҳам кашид. Чанд лаҳза худамро гум карда, дар ҳайрат истодам. Бобоҷонов А., муовини сардори ИНХ гӯё ҳеҷ воқеаеро намебинаду намешунавад ва ҳис намекунад, орому осуда аз як дар ба дигар дар дарою баро дошт. Пас аз чанд дақиқа ба худ омадам, ба саломи Ҳоҷарой алек гирифта, асли воқеаро аз ӯ пурсидам, ки ба ин мардони ношинос ман чӣ гуноҳ кардам, магар ҷави онҳоро хом даравидам? Чаро онҳо маро ҳақорат мекунанд?
Ҳоҷарой бо ишорае сарашро ҷунбониду:
- Ман намедонам, нашунидаам, — гӯён зуд ба утоқи кориаш ворид шуд.
Сардор Эгамбердиев боз маро қабул накард. Аҷаб масхарае алайҳи ман созмон дода будаанд. Даъват мекунанд, аммо қабул не. Инро намедонистам чӣ гуна фаҳмам. Комиссия ҳам нашуд. Барои рӯшан кардани ин амалашон ба утоқи кории

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо