Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Дар зиёрати мақбараи
Шайх Фаридуддини Аттор

калони ширранг ба назар мерасид. Гиря гулӯгирам кард, ларзидам, ҳатто нолаамро хомӯш дошта натавонистам. Якбора нохост овозам баланд шуд, бо гиря сари қабри Шайх нишастам, зиёрат кардам. Беихтиёр он муноҷотномаи ҳазрати Шайх ба ёдам омад, ки дар айёми ҷавонӣ ҳамроҳи қиблагоҳиам машқу тамрин мекардем, пиччиросзанон чанд байти онро ба таври пароканда вирди забон овардам.

Илоҳо сахт метарсам бағоят,
Ки дар пеш аст роҳи бениҳоят.
Зи торикӣ бурун кардӣ ту моро.
Ба торикӣ фурӯ бурдӣ ту моро.
Ба хубӣ сурати мо пардохтӣ ту.
Ба хорӣ сӯи хок андохтӣ ту.
Ту медонӣ, ки чашми мо дурбин аст.
Сари мӯе намебинем, яқин аст.
Сари мӯи маро маълум гардон.
Ки дар дасти туам, чун мум гардон.
Худовандо, дилу динам нигаҳ дор.

пешина
аз 385
навбатӣ