Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ҳуҷҷат воҷиб буд. Баъди салому алейк ҳуҷҷатро ба Каттаев дароз кардам. Он кас ҳуҷҷатро пешашон кашиданду ҳатто нимнигоҳе ба ҳуҷҷат накарда онро як сӯй гузоштанд ва маро, ки рост истода мунтазири имзояшон будам, ба нишастан таклиф карданд.
Ҳайратзада нишастаму ба чашмони Каттаев синчакорона назар дӯхтам. Зеро дар симояшон як маъние нуҳуфта буд. Андак чун одат хомӯш монданду ба сухан пардохтанд:
— Наҷотхон, шумо чанд сӯм маош мегиред, — бемуқаддима ба суол шурӯъ карданд, ки ҳайратам боз афзуд.
Аз суоли ноҷо дасту по хӯрдам ва осемасар, — 500 сӯм маош мегирам, — гуфтам.
— Ҳмм, шумо ба маоши баланд одат карда бошед, бармеояд, ки ба маошҳои мо медодагӣ қаноат намекунед, — ба пиёлаи гули қирмизидор чойи кабудро рехта истода, бо худ хулосакунон ба посухам мутаваҷҷеҳ шуданд.
Сабаби суолашонро пурсон шудам ва хостам рӯшан кунам, ки чаро ин гуна сӯҳбат сурат гирифта истодааст. Каттаев низ, ки хеле инсони зирак буданд, сабаби ҳайрати маро нисбат ба ин сӯҳбат дида, маро ба ором шудан бо ишораи дасташон даъват карданду матлаби хешро рӯшан карданд.
— Ба шумо як гапро мегӯям, ба ҳеҷ кас нагӯед. Ба боғчаи бачагонаи мо мудири наве лозим, ки ҳатман бояд тоҷик бошаду бафарҳангу саводнок. Сабаби маоши шуморо пурсиданам низ ин аст, ки мехоҳам шуморо ба ин боғча ба сифати мудир даъват кунам.
— Чӣ? Мудир? — ҳайратзада суол кардам.
— Ором шавед, ман суханамро тамом накардаам, — оҳиста-оҳиста боз ба сухан даромаданд Каттаев. — Ҳарчанд довталабон зиёданд, аммо ман мехоҳам, ки инсони бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик ин боғчаро сарварӣ кунад. Ман бисёр шиносҳоямро дар тарозу баркашида аз миёни эшон дилам дар шумо об хӯрд ва ростӣ шуморо таклиф мекунам, ки дар озмун ширкат варзед ва агар насиб бошад сарварии ин кӯдакистонро ба ӯҳдаи худ бигиред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё