Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
он ки тоҷике чун ман сарвари ин кӯдакистон интихоб шудаам, ғаши эшон омада будааст, ки инро ман дар аввалин фурсати рӯ ба рӯшавӣ пайхас кардам. Аммо ҳамоно бо ҳамаи эшон на чун як сарвар, балки як корманди оддии коргоҳ муносибат кардам.
Хостам чун аввалин рӯз аст, корро бо дидори кӯдакон ва мураббиёни гурӯҳҳо оғоз намоям. Ҳамроҳи методист, ҳамшираи тиб ва як чанд нафарони масъули кӯдакистон ба шиносӣ пардохтем. Чун анъана эшон ба ман ҳар як гурӯҳро муаррифӣ менамуданд. Ба гурӯҳе ворид шудем, ки гурӯҳи кӯдакони он тахмин 5-6 сола буданд. Аксарияти онҳо аз чеҳраашон маълум буд, ки миллати тоҷиканд. Дидам, ки як зани рус мураббии он гурӯҳ будааст ва бехабар аз он ки ин гурӯҳи русист, аввалин каломи ман "Ассалому алайкум" буд. Мураббияро ба ман баъдан Элмира Чикаева муаррифӣ карданд.
Элмира тахмин духтари 25 сола буду то ба ҳадде зебову чеҳраи мафтункунанда дошт, ки бо баробари дидани ин духтар бовар дорам, ки ҳар бинанда ошиқаш мешуд. Мӯйи сиёҳи кӯтоҳ ва чеҳраи доирашакли назаррабое дошт. Бо дидани чунин чеҳраи зебо гумон доштам, ки басо инсони поку беолоиш ва оромтабиату комиле ҳаст. Аммо на ҳар вақт зоҳир ба ботин рост неомадааст.
Мураббии гурӯҳ Элмира Чикаева, ки саломи тоҷиконаи маро шунид, якбора ба ҳуҷум гузашт. Бо забони русии худаш маро ҳар дашному қабоҳате, ки гуфт, маро нахустин рӯз ба ҳайрат гузошт.
-Это русская группа, и они не понимают ваш ассалом, по русскому с ними общайтесь, пожалуйста,-бо дуруштӣ ва бо садои баланд ба рӯям сахт нигоҳ карда гуфт Элмира.
Инро методист Петрова Ольга ва ҳамшираи тиб Ольга Николаевна Хатамова ҷонибдорӣ карда ҳар се ба муқобилам сангар гирифтанд ва ҳар таънае, ки ба даҳонашон омад, бароям гуфтанд.
Дарҳол узрхоҳӣ кардаму "Здравствуйте дорогие ребята" гуфтам. Аммо диламро ханҷаре чок зад, ки гӯё ба сарам бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё