Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Бо сарварии Ольга Петрова ҳамаашон ба ҷуз Лукибанова бо истезаву ҳарфҳои беадабона баромада рафтанд. Назарашон хӯроки имрӯзаро нагирифт. Ман бо Лукибанова ҳайрон мондам.
Пазандаро, ки Мавлудахон ном дошт, даъват намудам. Асли сири ин воқеаро аз ӯ пурсон шудам.
-Ҳар рӯз барои инҳо, ки хӯрокҳои лазизи махсус пухта мешуд, албатта ин гуна хӯроки кӯдакон бароишон маъқул нест,-ба суолам ҷавоб дод Мавлудахон.
Он рӯз ин гурӯҳ гӯё рӯза гирифта бошанд, чизе тановул накарданд. Ин сабаб шуду ҳар рӯз бо ҳар баҳона бо ман дар пархош мешуданд. Ҳамин минвол ду моҳ паси сар шуд.
Бинои дуошёнаи боғча, ки дар ошёни аввал утоқи кории сарварони пешини кӯдакистон будааст, ман низ дар ин ҳуҷра корро сар кардам. Тирезаи ҳуҷраи кориам дар рӯ ба рӯи тирезаи ҳуҷраи кории Ҳатамова воқеъ буд.
Пас аз ду моҳи шӯришу ғавғоҳо Ольга ва Ҳатамова, ки ҳамшираи шафқати кӯдакистон буд, ҳарду бо зарда пеши роҳамро гирифта, омирона хитоб карданд, ки ман ҳуҷраи кориамро дар дуввум ошёна бояд ҷойгир кунам. Азбаски ҳанӯз бо пуррагӣ боғчаву чеҳраи аслии кормандонро нашинохта будам ва бехабар аз нақшаи нопоки эшон соддадилона розӣ шудам.
-Шумо сарвари кӯдакистон, набояд утоқи кории шумо дар паҳлӯи ошхона бошад. Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, ба ошёнай дуввум кӯчед,- Ҳатамова мисли рӯбаҳ баҳонаи хубе пеш овард, ки ман дурӯягии ин занро ба ҷои самимият қабул кардам.
Аз пайи кашонидани чизу чора ва ҷиҳоз ба ошёнай дуввум шудам. Танҳо Лукибанова ва мураббия Карима Бадалова кӯмакам расониданд.
Утоқи кории ман дар охири долон аз тарафи рост ҷойгир шуда буд, комилан омода гардид. Чанд рӯзи дигар андармони ба оро додан муҳити корӣ машғул шудам. Ин рӯзҳо низ Карима, Шоира, Самияхон, Рисолатхон, Оминахон ва чанде тоҷикзанҳо аз паҳлӯям дур намерафтанд. Аз оҳанги гуфтори эшон низ пай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё