Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Сиришки хунин
Тӯли фаъолияти кориям бисёр бузбозиҳоро дидаам. Аввалҳо вақте бузбозиҳоро аз ҷониби ашхоси соҳибмансабу соҳибвазифа ва соҳибмақоме медидам ҳайратам афзун мегашт. Аммо инак одат кардам, агар чунин кори булъаҷабе аз ҷониби касе аз зимомдорон сар занад, маро ба ҳайрат намеорад. Бо вуҷуд, ба хонандагони пуртоқати азиз як ҳодисаи дигареро ҳавола месозам ва тақозо мекунам, ки дар ҳайрат нашаванд, зеро табиати ин афроде, ки дар зер мехонед, ҳамин гуна офарида шуда, хилқати эшон саропо найрангу дариса аст.
Санаи 18.09.2008 соати 15:00 дар асоси даъват ба утоқи кории муовини сардори Идораи нақлиёти Хуҷанд Бобоҷонов Абдуҷалил ҳозир гаштам. Абдуҷалил Бобоҷонов ҷадвали тақсимоти нақлиёт, ки дар он ҷадвал мӯҳру имзоҳои муовини раиси вилоят Д.Б.Гулмаҳмадов, сардори муассисаи идораи нақлиёти Хуҷанд Эгамбердиев, сардори ШБДА РКД вилояти Суғд М.А.Каримов, сардори раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд А.С.Аминов вуҷуд дошт, ба ман супорида такрор ба такрор таъкид кард, ки бояд пагоҳ яъне рӯзи 19 сентябри соли 2008 агар тавонам 35 адад ва агар натавонам тибқи тақсимоти ҳамин ҷадвали мазкур 30 адад нақлиётамро дар соати 7-и субҳ ба варзишгоҳи шаҳри Исфара ҷамъ намоям. Ӯ маро таъкид ба таъкид огоҳӣ дод, ки мабодо хилофи ин ҷадвал кор накунам, ки мақомотҳои дахлдор аллакай мувофиқа кардаанд.
Инчунин Бобоҷонов дархост кард, ки нақлиётҳо ҳамаҷониба бояд ҷавобгӯи талабот бошад, ки ҳашарчиёнро бе ягон муаммо ба хоҷагиҳо ба ноҳияи Ҷаббор Расулов расонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор