Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Ин супориши Абдуҷалил Бобоҷонов ва ҷадвали тақсимотро ба даст гирифта, зуд ба Исфара тавассути таксӣ баргаштам. Бегоҳ то соати 21-и шаб 31 адад нақлиётро омода карда, субҳи 19 сентябр соати 7:00 ба ҷои муқарраршуда ҳозир шудем. Кормандони БДА-и шаҳри Исфара бо сарварии Самиев Салимҷон то ин замон дар варзишгоҳ буданд ва нақлиёти моро пурра аз назорати ҷиддӣ гузарониданд. Ин санҷиш қариб то соати 10 тӯл кашид. Аҷибии кор дар он буд, ки аз дигар муассисаҳои нақлиётӣ ягон адад нақлиёт ҳузур надошт. Инчунин аз ҳашарчиён низ ному нишон набуд. Аз намояндаҳои ҳукумат бошад, танҳо Акрамов ва Абдурофиев худро нишон медоданду халос. Дар муҳлати се соати интизории мо як маротиба раиси дастгоҳ Б.Асадуллоев бо як намояндаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сабукрави хориҷисохт омада моро диданду, ким-чӣ хел писханд зада, ба мошинашон нишастанду рафтанд.

Соат расо 11:23 дақиқа буд. Ин замон дидам, ки нақлиёти ҶДММ "МНА-35", "Арсенал" ва "Танзим" пур аз ҳашарчиён ба варзишгоҳ омада қатор-қатор саф кашида итоданд. Оҳиста-оҳиста раиси дастгоҳи ҳукумат Бурҳонбек Асадуллоев, муовини аввали раиси шаҳр Бобоев, муовинон Абдурофиев ва Яҳёхӯҷаев ва сардори бозрасии шаҳри Исфара, намояндаи бозрасии вилоят паси ҳам омадан гирифтанд. Боқӣ кормандони бозрасие, ки ин ҷо ҳузур доштанд, намедонистанд чӣ тасмиме бигиранд. Ман низ сардаргум намедонистам, ки ба куҷо муроҷиат кунам. Аллакай ронандагонам ба шӯр омада, аз ман бо исрор дархост карданд, ки ин чӣ масхарабозӣ, ки моро бозӣ медоронанд. Онҳо ба нишони эътироз хостанд ба назди раиси вилоят раванд, аммо ман монеи ин кор шудам. Худам аз ронандаҳоям бадтар асарӣ будам, аммо ин асабониятамро зоҳир насохта, дарун-дарун сӯхтам.

Баъдтар тавассути баъзе аз ронандагон ба ман маълум гардид, ки ин хизматрасонӣ ба ивази маблағи калон ба фоидаи се ҷамъият дар "боло" ҳал гардидааст. Дар ҳақиқат, қаҳлан ҳам аз ҳисоби ҳаққи роҳқиро масъулони се ҷамъият ва шахсони

пешина
аз 385
навбатӣ