Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

талошҳои калон ва муноқишаҳое, ки байни ширкатҳои нақлиётии шаҳри Исфара ба миён омадааст, бештар нисбати тақсимот ва вобастакунии сайрҳатҳо мебошад...".

Агар чанде, ки мо ҳамаҷониба ҳақ будем, метавонистем аз муносибати ноҷавонмардонаи муовинон, масъулинҳои ҳукумати шаҳри Исфара, ва роҳбарони се ҷамъият шикоят ба суд намоем, вале нахостем, медонистем, ки ин ҷамъиятҳо суди Олиро харида тавонистанд.

Аммо он рӯз дур нест, ки ҳама дарҳамшиканиҳо баръакс ба сари фарди золиму ғосиб бозпас чаппа хоҳад омад. Агар қонунҳои ин дунё нарх доранду харида мешаванд, батаҳқиқ бояд донист, ки қонунҳои Худовандиро бо ҳеҷ гуна баҳое наметавон харид. Вой бар ҳоли он рӯзи афроде, ки нафареро сарсон мекунанду худ аз пушти девор ба ин манзараи ҳузновар назар дӯхта, бо кайфу сафо қарсак зада механданд. Яқин аст, ки ин хандаҳои аҳриманона рӯзе ба ашқҳои хунин табдил меёбанд.

Зеро ман аз фоидаи кашонидани ҳашаричиён ба дод наомадаам, валлоҳ, ки маро як чиз хиҷил мекунад. Ин ҳам бошад, пеши ронандагонам хеле сархам шудам, ки бечорагон бо умед ба варзишгоҳ рафтанд, аммо навмед бозпас гаштанд.

Аз Парвардигори якто, ки худ довари ҳақ аст, дуо мекунам, ки дар ин дунё ва ҳам дар охират сазои неку бади ҳамаро нишон диҳад, то сабақи ояндагон бошад. Агар ин гурӯҳ аз ин хиҷолати ман ва навмедии ронандагонам хушнуд бошанд, нӯшашон боду оши танашон шавад. Аммо ба таҳқиқ медонам, ки ҳар фарде агар сиришки хунини модареро бароварад, иншооллоҳ ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират аз чашмонаш дарёи хун равон хоҳад шуд. То ба ҳанӯз аламам мекунад, агар чеҳраи онрӯзаи ронандагонамро пеши назар оварам, дилам ҳанӯз хун гиря мекунад. Бале! Сиришки хунини ман ин аст!

пешина
аз 385
навбатӣ