Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Порча аз очерки "РӮЗГОРИ ТАЛХ"
нависанда Мавлониддин Пулодов.
Мардуми Исфара ба дарахти сада меҳру дилгармие доранд. Ҳарҷо садаи бошукӯҳ сабз бошад, файзе ҳусну таровате мегирад ба худ маҳал. Мӯйсафедони нуронӣ ҳам ба шаҳру деҳ, гузару маҳаллаи мо нуру сафо ато мекунад. Пири навадсола Ибни Ямин Исомиддинзода яке аз он садаҳои сабз, соябони сари фарзандону наберагон, ҳамгузару ҳамшаҳрон аст. Хушбахтона, тӯфону гирдбодҳои сахти фалокатбор, ки ба сари халқамон борҳо омаданд, ин дарахти тавоноро решакан карда натавонистанд. Ҳарчанд шохашро, миёни танашро шикастанд.
Одамизод ҳеҷ гоҳ аз чанголи ташвиши рӯзгор дамонашро раҳо карда наметавонистаст. Дар хонаи пирамард ӯро ғарқи тараддудҳо дидем. Сохтмони иморат, дару девор, масъалаи нафақа, фикру хаёлашро ба тамомом рабудаанд. Аз мақсадамон огоҳ шуда, ба меҳмонхонаи озода хонда дастурхон мегустурад. Пешгоҳи хонаро шоҳбайтҳои бузургони халқамон зиннат додаанд. Нигоҳамро дарк карда мегӯям: худам китобат кардаам. Ҳамин суханҳо боиси наҷоти ман шудаанд.
Ӯро муборакбод мекунем, ки хабари аз ҷиҳати партиявӣ сафед шуданаш дар рӯзномаҳои республикаамон эълон шуд. Пирамард изҳори шодӣ мекунад. Аммо суханҳои шодонааш гиряолуд ба гӯш мерасид.
- Мурдаи шастсола аз нав зинда шуд. Ҳа, панҷоҳу ҳафт сол дар зери хок будам. Акнун ба дунёи рӯшан баромадам. Акнун касе ба тарафям санг андохта наметавонад, зеро ман ҳам забони гӯё дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор