Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Мӯйсафед хурсанд аст, ки ба рӯзи равшан расид.
Аз ноумедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Вале мо афсӯс мехӯрем, ки ин дарахти тавонои илму санъати халқамон дар ҷавонӣ шикаст. Ин шамъи маърифат он шаби ялдони зимистон хомӯш намешуд, шояд имрӯз мисли машъал олам меафрӯхт.
Ибни Ямин дар оилаи устои аробасоз дар охири садаи гузашта таваллуд ёфт. Модараш муаллима буд. Усто Исомаддин ҳунарманди маърифатпарвар, санъату мусиқӣ ва шеърдӯст буда, дар вақтҳои камкорӣ танбуру дутор, қонуну бат, чанг месохт ва бо маҳорати хоса ин асбобҳоро менавохт. Ӯ ва падараш Иброҳимҷон, ки деҳқон буд, шоири деҳқон Ибни Яминро ва достонҳои Низомиро қироат карда, шабҳои зимистонро рӯз мекарданд. Иброҳимҷону Исомиддин бо эҳтироми он мардони азиз ба набераю фарзандон Низомиддину Ибни Ямин ном гузоштанд.
Ибни Ямин зираку хушманд, ситорагарм, қувваи ҳофизиаш тавоно буд, ӯро ба мактаби домулло Шукурҷон супурданд. Ин мактабдор шахси фозилу забондон буд, рафтугарди замонро ба хубӣ дарк мекард. Ба шогирдон забонҳои форсию арабӣ ва русиро меомӯзонд. Мегуфт, ки табиат ба одамизод болу пар ато накардааст. Барои ҳамин забон донед, ки забон дар зиндагӣ қаноти шумо хоҳад шуд. Дурустии ин суханонро Ибни Ямин ҳам нишон дод. Вай шогирди пешқадамаш буда, мактабдор халифааш таъин намуд.
-
Фарзандонам, ин суханҳоро ҳалқаи заррине гӯш кунед. Чор коф калиди илму маърифат аст: "Косаи модар"; "Кисаи падар"; "Кӯшиши шогирд"; "Кашиши устод";
-
Мегуфт омӯзгор ва саъй дошт, ки дастпарваронаш аз илмҳои маърифат, ҳандаса, фароиз, ҳисоби ҷабру ҷафр, абҷад, қонуни чаҳор аносир, илми фалакиёт, замину моҳу офтоб, обу ҳаво ва ғайра баҳравар гарданд.
Мутаассифона, бо амри Темурхон Мингбошӣ мактабро пароканда, китобҳоро мусодира карданд. Домулло Шукурҷон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор